"Соҳиб будани калиди даре, ки суи илми ҷадид ва рушд кушода мешавад, барои меъморӣ қатъӣ мебошад. Навоварӣ, тадқиқот ва тарақиёт барои рушди соҳа интизомҳои зарурӣ ҳисобида мешаванд."

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-2012c.

Паёми Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20 апрели соли 2012 

Мӯҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Паёми навбатии Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии кишвар дар соли таҷлили ду санаи бузургу тақдирсози давлати Тоҷикистон, яъне бистсолагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ва понздаҳсолагии Рӯзи ваҳдати миллӣ пешниҳод мегардад. Бояд ёдовар шуд, ки Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар ва эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон оғози устувор бахшид ва заминаи нахустини ҳамдигарфаҳмиву ризоияти миллӣ ва сулҳи тоҷиконро фароҳам овард. Дар натиҷаи азму талош ва ҷонбозиҳои зиёд бист сол қабл хиради азалии халқи тоҷик собит сохт, ки ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмии афроди ҷомеа муҳимтарин омили пешрафти давлату миллат мебошад. Маҳз ба шарофати ин рӯйдодҳои муҳими таърихӣ мо тавонистем, ки аркони давлатдорӣ ва шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимиятро дар мамлакат барқарор гардонида, пояҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро қавӣ намоем. Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки дар Ватани азизамон ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдору суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди бунёдкориву созандагӣ фароҳам оварда шуд. Ба шарофати пуштибонии самимона ва заҳмати софдилонаи мардуми кишвар ба Ҳукумати мамлакат муяссар шуд, ки аз соли 2000-ум инҷониб доир ба ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва тадриҷан баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ дар доираи барномаву стратегияҳои милливу соҳавӣ пайваста чораҷӯӣ намояд. Дар шароити ҳассоси замони муосир ҳадафи асосии давлат, пеш аз ҳама, таъмини рушди босуботи иқтисодӣ ва тадриҷан баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум тавассути амалӣ кардани ислоҳоти низоми идораи давлатӣ, таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти он, фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоя ва воридоти технологияҳои пешрафта ва дар ин замина ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ мебошад. Лозим ба ёдоварист, ки аз соли 2000-ум то ба имрӯз маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 2,3 баробар афзуда, рушди солонаи он ба ҳисоби миёна беш аз 7 фоизро ташкил намуд, ки дар натиҷа маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 5,3 баробар зиёд гардид. Аз соли 2000-ум то соли 2011-ум истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 2,5 баробар, молҳои саноатӣ 2 баробар, ҳаҷми гардиши савдои чакана 3,5 баробар ва гардиши савдои хориҷӣ 3 баробар афзудааст. Аз ҷумла, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ соли 2011 нисбат ба соли 2010 8 фоиз, молҳои саноатӣ 6, гардиши савдои чакана 9 ва савдои хориҷӣ 15,5 фоиз зиёд шудааст. Муҳимтар аз ҳама, ҳаҷми даромадҳои аҳолӣ тадриҷан афзоиш ёфта, аз як миллиард сомонии соли 2000-ум то ба 16,2 миллиард сомонӣ дар соли 2011 расидааст, яъне даромадҳои аҳолӣ беш аз 16 баробар зиёд гардидаанд. Ҳамин тавр, сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат аз 81 фоизи соли 1999-ум то 42 фоиз дар соли 2011 кам карда шуд. Ҳамзамон бо ин, дар давоми ин солҳо мо тавонистем нишондиҳандаҳои солонаи таваррум ва қурби пули миллиро дар сатҳи барномавӣ ба эътидол дарорем. Бояд гуфт, ки ҳарчанд иқтисодиёти муосири Тоҷикистон хусусиятҳои иқтисоди давраи гузаришро ба пуррагӣ таҷассум менамояд, вале дар навбати худ ҳамчун иқтисоди кушод ба андозаи муайян таҳти таъсири бевоситаи омилҳои беруна ва шароити бозори ҷаҳонӣ қарор дорад. Бинобар ин, Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки барои минбаъд низ дар сатҳи устувор нигоҳ доштани рушди иқтисодиёти кишвар ва пешгирӣ намудани таъсири омилҳои манфии иқтисоди ҷаҳонӣ ба он, пешбурди сиёсати бомароми молиявӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкории хурду миёна ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ ва таъмин намудани ӯҳдадориҳои иҷтимоии давлат тадбирҳои муассир андешад. Бо вуҷуди таъсири омилҳои берунӣ ислоҳот дар идоракунии молияи давлатӣ идома ёфта, сиёсати андозу буҷет дар сатҳи нисбатан устувор амалӣ гардида истодааст. Ҳарчанд буҷети давлатӣ дар соли 2011 бо касри як фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ тасдиқ гардида буд, тавозуни воқеии буҷети давлатӣ бо барзиёдии даромад нисбат ба хароҷот дар ҳаҷми 0,7 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҷамъбаст гардид. Ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ дар соли 2012 ба маблағи 10 миллиарду 200 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки ин нисбат ба нишондиҳандаи соли 2011-ум беш аз 22 фоиз зиёд мебошад. Буҷети давлатӣ, пеш аз ҳама, ба ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодии мамлакат ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум нигаронида шудааст. Махсусан ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ ва таҳким бахшидани хусусияти иҷтимоии буҷети давлатӣ, баланд бардоштани музди меҳнат, таъминоти нафақа ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ афзалиятҳои муҳимтарини сиёсати давлат мебошанд. Натиҷаи ҳамин аст, ки танҳо дар даҳ соли охир ҳаҷми миёнаи музди меҳнат дар кишвар 32 баробар афзоиш ёфтааст. Пайваста ба афзоиши ҳаҷми буҷети давлатӣ маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, тандурустиву фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоӣ сол то сол зиёд гардида, ба ин соҳаҳо дар солҳои минбаъда низ афзалият дода мешавад. Соли гузашта барои соҳаҳои иҷтимоӣ 330 миллион сомонӣ маблағҳои иловагӣ ҷудо гардиданд. Маблағгузории ин соҳаҳо дар маҷмӯъ 4,3 миллиард сомониро ташкил дод, ки ин ба 52,4 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ баробар мебошад. Имсол барои маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ 5,1 миллиард сомонӣ ё 50 фоизи ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ равона мегардад, ки танҳо 3,4 миллиард сомонии онро музди меҳнат, нафақа ва дигар кӯмакпулиҳо ба аҳолӣ ташкил медиҳанд. Дар Паёми охир ба Маҷлиси Олии мамлакат мо дар назди худ вазифа гузошта будем, ки дар давоми се соли наздик музди меҳнати кормандони соҳаҳои иҷтимоиро то ду баробар зиёд намоем. Соли гузашта дар доираи марҳалаи аввали татбиқи ин ҳадаф музди меҳнати вазифавии кормандони соҳаи маориф ва илми соҳавӣ - 30 фоиз, илмҳои академӣ аз 100 фоиз то 3,3 баробар, фарҳангу варзиш ва муассисаҳои ҳифзи иҷтимоиву тандурустӣ - 40 фоиз ва ҳамаи намуди стипендияҳо - 40 фоиз зиёд карда, музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ низ баланд бардошта шуд. Бо дарназардошти рушди иқтисодиёти мамлакат ва зиёдшавии имкониятҳои молиявӣ аз 1 сентябри соли равон марҳалаи дуюми зиёдшавии музди меҳнат амалӣ гардида, музди меҳнати кормандони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, яъне мактабҳои миёна ва муассисаҳои томактабӣ, хона-интернатҳо барои пиронсолону маъюбон - 60 фоиз, соҳаи фарҳанг – 50 фоиз, соҳаҳои тандурустиву ҳифзи иҷтимоӣ, варзиш ва дигар муассисаҳои соҳаи маориф - 40 фоиз, кормандони соҳаи илм ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ - 30 фоиз зиёд карда мешавад. Ҳамзамон бо ин, стипендияҳои донишҷуён ва дигар намудҳои стипендия - 50 фоиз, инчунин музди меҳнати ҳадди ақал 2,5 баробар зиёд карда шуда, андозаи он аз 80 сомонӣ ба 200 сомонӣ баробар мегардад. Дар баробари ин, ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ба андозаи 30 фоиз зиёд карда шуда, нафақаҳои меҳнатӣ, ки дар асоси собиқаи кории пурра таъин гардида, аз 150 сомонӣ кам мебошанд, ба 150 сомонӣ баробар карда мешаванд. Яъне аз 1-уми сентябри соли равон дар мамлакат нафақаи қариб 380 ҳазор нафар нафақагирон зиёд шуда, ба 150 сомонӣ расонида мешавад. Барои маблағгузории ин чорабиниҳо дар соли ҷорӣ беш аз 350 миллион сомонӣ маблағҳои иловагӣ равона мегарданд. Ҳамин тариқ, мо дар ду соли сипаригардида тавонистем музди меҳнати кормандони соҳаи иҷтимоӣ, аз ҷумла муассисаҳои таҳсилоти умумиву томактабиро беш аз ду баробар ва дигар муассисаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла фарҳангу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоиро то ду баробар зиёд намоем, ҳол он, ки ин чорабинӣ бояд дар муддати се сол, яъне то соли 2014 амалӣ мегардид. Соли 2001 музди меҳнати муаллим ҳамагӣ 7 сомонӣ, духтур 5, кормандони соҳаҳои фарҳангу иҷтимоӣ 8-10 ва илм 27 сомонӣ буд. Дар натиҷаи амалӣ намудани ислоҳот дар соҳаҳои иқтисодиву молиявӣ мо ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем ва ин имконият дод, ки музди меҳнати кормандони соҳаҳои иҷтимоиро дар солҳои 2002-2004 90 фоиз, 2005-2007 дуюним баробар, 2008-2010 ду баробар, соли 2009, новобаста аз таъсири бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ 30 фоиз ва дар соли 2011 қариб ду баробар зиёд намоем. Вале ҳамаи ин ҳоло ҳам талаботи имрӯзаро қонеъ карда наметавонад ва вобаста ба рушди иқтисодии мамлакат мо ин равандро солҳои оянда низ идома медиҳем. Аз ин лиҳоз, ба Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла вазоратҳои молия, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки доир ба татбиқи чорабинии мазкур, яъне минбаъд низ зиёд намудани музди меҳнат ва нафақа таҳлилҳои асоснок гузаронида, якҷо бо сохтору мақомоти дахлдор ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ дар хусуси таъмини маблағгузории он аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа чораҳои мушаххас андешанд ва дар буҷети давлатӣ барои соли 2013 ба ин мақсад маблағҳои заруриро пешбинӣ намоянд. Инчунин, ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки маблағҳои озод ва иҷрои барзиёди даромади буҷетҳои маҳаллиро, пеш аз ҳама, барои маблағгузории зиёдшавии музди меҳнат равона намоянд. Вазорати молия, Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрукро зарур аст, ки сари вақт, сифатнок ва барзиёд иҷро намудани буҷети давлатиро аз рӯи ҳамаи намудҳои андоз ва пардохтҳои давлатӣ таъмин кунанд. Бо мақсади такмили сохтор ва кам кардани хароҷоти мақомоти идоракунии давлатӣ ба Ҳукумат супориш дода мешавад, ки ҷиҳати то 15 фоиз ихтисор кардани кормандони мақомоти идораи давлатӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода, сохтору ҷадвали воҳидҳои кории ҳар як вазорату идора ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро бо дарназардошти пешгирӣ кардани такроршавии вазифаҳои хизматӣ то моҳи июли соли ҷорӣ ҳаматарафа таҳлил ва баррасӣ намояд. Маблағҳои аз ин ҳисоб сарфашавандаро барои таъминоти иҷтимоиву ҳавасмандгардонии кормандон ва таҳкими заминаи моддиву техникии сохтору мақомоти зикршуда равона созад. Ҳамзамон бо ин, ҷиҳати таъмини шаффофияти сарфи маблағҳои буҷетӣ ва истифодаи дурусти захираҳои моддиву молиявӣ пешниҳод мегардад, ки мубодилаи электронии маълумот байни мақомоти давлатӣ васеъ ба роҳ монда шавад. Барои сарфакорона ва мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ ҳангоми хариди давлатӣ ва пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар ин самт зарур аст, ки низоми хариди электронии молу маҳсулот бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ҷорӣ карда шавад. Чанде пештар бо мақсади боз ҳам пурзӯр намудани назорати истифодаи захираҳои молиявии давлатӣ ва татбиқи барномаҳои давлатӣ Палатаи ҳисоб таъсис дода шуд. Бинобар ин, Палатаи навтаъсиси ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Вазорати молия ва дигар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони тамоми ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва корхонаҳои давлатӣ вазифадоранд, ки ҷиҳати татбиқи сифатноки барномаҳои давлатӣ, риояи қатъии интизоми давлатӣ, дуруст ба роҳ мондани фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ ва ҳисоботу баҳисобгирии муҳосибии ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ, инчунин ба кор ҷалб намудани мутахассисони ҷавони соҳибкасбу поквиҷдон чораҳои муассир андешанд. Дар баробари ин, Бонки миллӣ якҷо бо мақомоти дахлдор бо мақсади эмин нигоҳ доштани низоми молиявии кишвар, аз ҷумла қурби пули миллӣ аз таъсири омилҳои манфии иқтисоди ҷаҳонӣ ва боз ҳам устувор гардонидани фаъолияти он бояд чораҷӯӣ намояд. Дар ин самт дастгирии ҳамаи бахшҳои истеҳсолӣ бо маблағгузории дарозмуҳлат, дарёфти сарчашмаҳои гуногун ва васеъ намудани тарзу усулҳои сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои муҳим дорои аҳамияти хос мебошад. Масъалаи мазкур ҳалли мушкилотро дар низоми бонкӣ талаб намуда, пеш аз ҳама, баланд бардоштани эътимоди мардумро барои нигаҳдории маблағҳои худ дар бонкҳои ватанӣ ва таъмини пурраи ҳифзи пасандозҳои шаҳрвандонро тақозо дорад. Қобили зикр аст, ки ҷиҳати таъмини рушди устувори низоми бонкӣ тавассути зиёд намудани пасандозҳо ва ҷалби бештари мизоҷон тадбирҳои муассир андешида шудаанд. Аз ҷумла, маҷмӯи чорабиниҳои барномавӣ, қабули силсилаи қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, алалхусус Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ", ки кафолати давлатиро ба пасандозҳои шахсони воқеӣ дар назар дорад, мустақиман ба ин ҳадафҳо равона гардидаанд. Ин аст, ки дар тӯли даҳ соли охир бақияи ҳаҷми умумии пасандозҳо дар ташкилоту сохторҳои қарзии кишвар зиёда аз 45 баробар, шумораи мизоҷон, ки аз хизматрасонии бонкӣ истифода мебаранд, беш аз 25 баробар ва ҳаҷми қарзҳои додашуда 21 баробар зиёд гардидааст. Дар баробари ин, аз соли 2005 инҷониб барои дастгирии рушди минтақаҳои кӯҳистон барномаи махсуси қарздиҳии хурд ба соҳибкорони хурду миёна оғоз гардида, танҳо дар маҳалҳои кӯҳистон маблағи умумии он дар ин давра зиёда аз 2,3 миллиард сомониро ташкил додааст. Ҳамин тавр, дар тӯли 10 соли охир қарздиҳии хурд дар мамлакат беш аз 100 баробар афзудааст. Вале нишондиҳандаҳои мазкур ҷиҳати тақвияти рушди устувори кишвар моро ҳанӯз ҳам қонеъ карда наметавонанд. Аз ин лиҳоз, Бонки миллӣ, Бонки давлатии "Амонатбонк", бонкҳои саҳҳомӣ ва ташкилоту сохторҳои маблағгузории хурд қарздиҳиро ба фаъолияти соҳибкорӣ, алалхусус дар минтақаҳои дурдасти кӯҳистон ва занони соҳибкор афзоиш дода, дар давраи миёнамӯҳлат ҳамасола на камтар аз 20 фоиз зиёд намудани маблағгузории соҳаҳои истеҳсолиро таъмин намоянд. Ҳамзамон бо ин, ҷиҳати беҳтар намудани дастрасии шаҳрвандон ба хизматрасонии бонкӣ ва ҷалби ҳарчи бештари захираҳои қарзӣ зарур аст, ки шабакаҳои бонкиро васеъ гардонида, барои тамоми намудҳои хизматрасонӣ шароит фароҳам оварда шавад. Дар ин ҷода сифати хизматрасониҳо бо истифода аз технологияҳои муосир баланд бардошта, оид ба танзими муомилоти нақдиву ғайринақдӣ чораҷӯӣ карда шавад. Инчунин, сохтору мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҷиҳати тақвият бахшидан ба ҳифзи пасандозҳо ва боз ҳам мукаммал намудани заминаи меъёрии ҳуқуқии он тадбирҳои зарурӣ андешанд. Вобаста ба ин, тамоми мардуми бонангу номуси Тоҷикистон, соҳибкорон ва шаҳрвандони мамлакатро даъват менамоям, ки маблағҳои озоди худро дар бонкҳои ватанӣ нигоҳ доранд ва итминон дошта бошанд, ки кафолати пасандозҳои онҳо таъмин карда мешавад. Амали мазкур имкон медиҳад, ки шаҳрвандони мо аз пасандозҳои худ дар бонкҳои мамлакат даромади муайян гирифта, сатҳи зиндагии худро беҳтар намоянд ва дар айни замон тавассути ин сарчашма дар рушду тараққиёти иқтисоди Ватанамон саҳми арзандаи худро гузоранд. Дӯстони азиз! Рушди иқтисодии мамлакат ва таъмини сатҳи сазовори зиндагии мардум маҳз ба татбиқи самараноку саривақтии афзалиятҳои миллии кишвар, таъмини раванди рушди устувори мамлакат тибқи Стратегияи миллии рушд, стратегияҳои миёнамӯҳлат ва барномаҳои соҳавию маҳаллӣ вобастагии мустақим дорад. Аз ин рӯ, ба Ҳукумати мамлакат ва сохтору мақомоти дахлдори давлатӣ зарур аст, ки барои амалӣ намудани Стратегияи миёнамӯҳлати ҷорӣ тадбирҳои мушаххас андешанд. Инчунин, бо ҷалби шарикони рушд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати таҳияи стратегияи миёнамӯҳлати навбатӣ барои солҳои 2013-2015 ва таҳкими афзалиятҳои миллӣ чораҷӯӣ карда шавад. Марҳалаи кунунии инкишофи иқтисодии кишвар, ки ба рушди дарозмуддат нигаронида шудааст, аз мақомоти давлатӣ ҳамкории фаъолонаро бо шарикони рушд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ тақозо менамояд. Таҳияи механизмҳои ҳамшарикии бахшҳои давлативу хусусӣ, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, иштироки фаъоли бахши хусусӣ дар рушди иқтисодиёт ва ба шарики боэътимод табдил додани он заминаи воқеии рушди босуботро муҳайё месозад. Рушди соҳибкорӣ ва мусоидати ҳамаҷониба ба фаъолияти он аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат аст, зеро соҳибкории хурду миёна, хусусан соҳибкории истеҳсолӣ яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ва заминаи боэътимоди таъмини рушди босуботи иқтисодиёти миллӣ, афзун намудани табақаи миёнаҳол ва ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ мебошад. Маҳз бо ҳамин мақсад Ҳукумати кишвар ба дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамояд ва солҳои охир як силсила ислоҳотеро, ки ба содагардонии раванди бақайдгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва кам намудани номгӯи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳанда равона шудаанд, амалӣ гардонид. Агар теъдоди иҷозат барои фаъолияти соҳибкорӣ то ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ 650 номгӯйро ташкил карда бошад, пас он ҳоло ҳамагӣ аз 86 номгӯй иборат аст ва зарур аст, ки ислоҳот дар ин самт идома дода шавад. Бинобар ин, Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки дар давоми як сол ҷиҳати боз то 50 фоиз ихтисор намудани теъдоди иҷозатдиҳӣ ва тавассути низоми электронӣ ба расмият даровардани беш аз 30 фоизи иҷозатдиҳиро таъмин намояд. Саҳми соҳибкорон ва ширкатҳои ватанӣ дар иҷрои ҳадафҳои созандаи Ҳукумати мамлакат дар самти бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ тавассути ворид намудани таҷҳизоту технологияҳои ҳозиразамон ва таъсиси ҷойҳои нави кор, инчунин сохтмону азнавсозии иншооти иҷтимоиву фарҳангӣ назаррас мебошад ва ин раванд ҳаматарафа дастгирӣ карда мешавад. Бояд гуфт, ки танҳо дар соли 2011 аз ҷониби соҳибкорон қариб 1000 иншооти иқтисодиву иҷтимоӣ бунёд гардидааст. Аз ҷумла 100 корхонаи саноатӣ ба истифода супорида, дар онҳо беш аз 12 ҳазор ҷойи нави кор ташкил шудааст. Аз ин рӯ, ба ҳамаи он соҳибкорони бонангу номуси кишвар, ки дар раванди созандагиву бунёдкорӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва хайру эҳсонкорӣ саҳмгузор мебошанд, миннатдории самимии худро баён менамоям. Аз ҷониби худ давлат барои дастгирии рушди соҳибкорӣ бо дарёфти захираву имкониятҳо пайваста чораҷӯӣ карда истодааст. Танҳо дар соли ҷорӣ имтиёзҳои андозӣ ва пардохтҳои гумрукии ба соҳибкорон ва корхонаҳои истеҳсолӣ муқарраргардида 3,2 миллиард сомониро ташкил медиҳад, ки ин, пеш аз ҳама, барои рушди истеҳсолот мусоидат мекунад. Илова бар ин, бо мақсади дастгирии соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ солҳои охир аз ҳисоби буҷети давлатӣ тавассути бонкҳо ба маблағи умумии беш аз 680 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок ҷудо карда шудааст. Дар баробари ин, хотирнишон месозам, ки бозори дохилӣ барои пешбурди соҳибкорӣ ва сармоягузории мустақим бояд ҷалбкунанда бошад ва дар он истеҳсолкунанда ва истеъмолкунандаи молу маҳсулот озодона фаъолият намуда, ба ҳар гуна монеаҳои сунъиву бюрократӣ ва фишори назорату тафтишоти маъмурӣ дучор нагарданд. Дар ин самт тамоми сохтору мақомоти давлатиро зарур аст, ки дар масъалаи хизматрасониҳои давлатӣ ба соҳибкорон ва аҳолӣ тавассути ҷорӣ намудани низоми электронӣ дар фаъолияти худ бо истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ чораҳои бетаъхир андешанд. Зеро ин амал шаффофият, дастрасӣ ва самаранокии хизматрасониҳои давлатиро баланд бардошта, муҳимтар аз ҳама, ба рафъи омилҳои коррупсионӣ мусоидат менамояд. Илова бар ин, Агентии оморро зарур аст, ки ҷиҳати кам кардани шумораи ҳисоботи оморӣ ва ба таври электронӣ ба роҳ мондани он чораҳои амалӣ андешад. Қобили рақобат будани иқтисод аз суръати гузаштани корхонаҳои истеҳсолии мо ба стандартҳои байналмилалӣ вобастагӣ дорад. Бо ин мақсад вазорату идораҳои дахлдор вазифадор карда мешаванд, ки доир ба рушди минбаъдаи низоми миллии стандартизатсия ва сертификатсиякунонӣ корҳои заруриро ҷиҳати татбиқи ислоҳоти сохтории он амалӣ намоянд ва дар мӯҳлати кӯтоҳ гузаришро ба низоми танзими техникии дар арсаи байналмилалӣ қабулшуда анҷом диҳанд. Аз ҷумла, бояд шумораи молҳои ҳатман сертификатсияшаванда аз 7100 номгӯи кунунӣ ба андозаи ду - се баробар кам карда, ҷорӣ намудани низоми "равзанаи ягона" оид ба расмиёти содагардонидашудаи воридоту содирот суръат бахшида шавад. Ҳамчунин, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд ҷиҳати дастгирии минбаъдаи соҳибкорӣ, бахусус дар соҳаҳои истеҳсолӣ ва бартараф намудани монеаҳои маъмуриву сунъӣ чораҳои қатъӣ андешанд. Мақомоти зикршуда вазифадоранд ба соҳибкорон ва ширкатҳое, ки азми таъсиси корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ ва бунёди иншооти иҷтимоиву фарҳангиро доранд, бо истифода аз имконият ва имтиёзҳои муқарраргардида ҳамаҷониба мусоидат намоянд. Махсус таъкид месозам, ки амалҳои созандаи соҳибкорон ва шахсони алоҳидаи хайрхоҳ, ки ҷиҳати бартараф намудани оқибати офатҳои табиӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ иншооти заруриро бунёд намуда, ба таври ройгон ба моликияти мақомоти дахлдори давлатӣ месупоранд, бояд аз андозбандӣ озод бошанд. Бинобар ин, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки оид ба ҳалли масъалаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешад. Ҳамзамон бо ин, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо мақсади рушди минбаъдаи соҳибкорӣ ва такмили қонунгузории соҳа дар соли 2012 лоиҳаи Қонун "Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ"- ро дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намояд. Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои дар Паёми соли гузашта баёнгардида дар самти ҳавасмандсозии соҳибкорон ба рушди фаъолияти истеҳсолӣ ва воридоти таҷҳизоту технологияҳои муосир бо Фармони Президенти мамлакат ба санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ барои се сол мораторий эълон гардид. Таҳлилҳо собит месозанд, ки қонуни амалкунандаи мамлакат "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор" ба талаботи муосир пурра ҷавобгӯ нест ва шумораи зиёди мақомоти назоратӣ ва санҷишҳои беасос, ки мушоҳида мегарданд, ҳанӯз ҳам боиси ташвиши соҳибкорон мебошад. Бинобар ин, ба мақомоти назоратӣ супориш дода мешавад, ки аз ҳама намудҳои санҷиши беасос, инчунин аз санҷишҳои мутақобилаи фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ худдорӣ намоянд. Инчунин, ҷиҳати ба шароити муосири танзими фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ мутобиқ гардонидани қонунгузорӣ, аз ҷумла кам намудани шумораи мақомоти назоративу санҷишҳо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиро зарур аст, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор дар соли 2012 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» дар таҳрири нав таҳия карда, ба Ҳукумати кишвар пешниҳод намояд. Дар Паёми соли сипаригардида ҷиҳати амалӣ намудани ислоҳот дар бахши андоз ба хотири ҳарчи сода гардонидани низоми андозбандӣ ва кам кардани шумораи андозҳо, афзоиши қисми даромади буҷети давлатӣ бо роҳи ҳавасманд намудани андозсупорандагон ва андозбандии пурраи онҳо супориш дода будам, ки имсол, яъне соли 2012 лоиҳаи Кодекси андози мамлакат дар таҳрири нав омода карда шавад. Аз ин лиҳоз, бо мақсади дастгирии молистеҳсолкунандагон ва зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ дар лоиҳаи Кодекси андоз номгӯи андозҳо то 50 фоиз кам карда, аз ҷумла андоз аз фурӯши чакана пурра ихтисор ва воридоти тамоми номгӯи таҷҳизоти технологии ҳозиразамон аз ҳамаи намудҳои андоз ва пардохти гумрукӣ озод карда шавад. Дар баробари ин, ҷиҳати такмили маъмурикунонии андоз, кам кардани вақт ва хароҷоти соҳибкорон тавассути сода ва сабук намудани расмиёти андозсупорӣ шумораи эъломияҳо аз рӯи андозҳо ва пардохтҳои алоҳида то 40 фоиз, ҳисобҳои андозӣ то 60 фоиз, инчунин миқдори ҳуҷҷатҳо ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ то 30 фоиз кам карда шавад. Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки таҳия ва такмили лоиҳаи Кодекси андозро бо дарназардошти супоришҳои имрӯза ва пешниҳоду мулоҳизоти аз соҳибкорону шаҳрвандон ва ташкилоту созмонҳои ҷамъиятӣ воридгардида дар муддати се моҳ ба анҷом расонад. Бо мақсади таъмини ҳадафҳои гузоштаамон дар иҷрои буҷети давлатӣ ва маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ ба соҳибкорони кишвар муроҷиат менамоям, ки фарҳанги андозсупориро риоя карда, бо амри дилу виҷдони пок ӯҳдадориҳои худро дар назди буҷети давлатӣ сари вақт иҷро намоянд. Ҳозирини гиромӣ! Дар давоми солҳои 2012-2014 ҷиҳати зина ба зина ноил шудан ба ҳадафҳои асосии рушди миллӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии кишвар беш аз 100 лоиҳаи муштараки сармоягузорӣ ба маблағи умумии 13 миллиард сомонӣ амалӣ карда мешавад. Ҷиҳати устувор гардонидани пешрафти иқтисодӣ дар шароити таҳдиду хавфҳои глобалии торафт афзоянда, ки ба иқтисодиёти кишвар таъсир мерасонанд, ҷалби ҳарчи бештари сармоя ба соҳаҳои гуногун нақши муҳим мебозад. Барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои афзалиятноки мамлакат, аз ҷумла гидроэнергетика, соҳаҳои саноати маъдан, сабук ва хӯрокворӣ, инчунин кишоварзӣ, истифодаи қаъри замин ва туризм имкониятҳои кофӣ мавҷуданд ва истифодаи самараноки онҳо аз афзоиши сармоягузории мустақими дохиливу хориҷӣ ва воридоти техникаву технологияҳои муосир вобастагии калон дорад. Бинобар ин, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиро зарур аст, ки якҷо бо вазорату идораҳои соҳавӣ ҳамкориҳои мустақимро бо сармоягузорон васеъ ба роҳ монда, ҷиҳати татбиқи саривақтиву босифати лоиҳаҳои афзалиятноке, ки бо ҷалби маблағҳои давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ амалӣ мегарданд, чораҳои судманд андешад. Инчунин, якҷо бо вазорату идораҳо бо мақсади суръат бахшидани диверсификатсияи иқтисодиёт ва боз ҳам беҳтар гардонидани фазои сармоягузории мамлакат, таъмини ҳуқуқии кафолату имтиёзҳои сармоягузорони дохиливу хориҷӣ ва ҷорӣ намудани механизми пешбурди сиёсати ягонаи сармоягузорӣ Консепсияи сиёсати давлатии ҷалб ва ҳимояи сармоягузориро таҳия карда, то охири сол ба баррасии Ҳукумати кишвар пешниҳод намояд. Илова бар ин, Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ тавассути таъмини кафолатҳои ҳуқуқи молумулкӣ, эътирофи конвенсияҳо ва дигар санадҳои байналмилалӣ, ки ба ҳимояи сармоягузорон равона шудаанд, инчунин ҷорӣ намудани низоми беҳтари андозбандӣ ва имтиёзҳои қобили рақобат чораҳои зарурӣ андешад. Ҳозирини гиромӣ! Дар радифи амалӣ намудани ҳадафҳои стратегияи миллии кишвар доир ба таъмини истиқлолияти энергетикиву амнияти озуқаворӣ ва раҳоӣ бахшидани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ мусоидат ба рушди бахши воқеӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти ҳар як сохтору мақомоти давлатӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин самт, пеш аз ҳама, Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, ки дар ояндаи миёнамӯҳлат ислоҳоти оғозёфта ва афзалиятҳои муқарраргардидаро тадриҷан амалӣ намояд. Дар се соли оянда суръат бахшидан ба рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, бахусус саноату энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, кишоварзӣ, инчунин истифода аз ташаббусҳои соҳибкориву имкониятҳои бахши хусусӣ ва дар ин асос боз ҳам афзун намудани қисми даромади буҷети давлатӣ ва таъмини беҳтари ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифаи аввалиндараҷаи сиёсати иқтисодии давлат мебошад. Бо мақсади таъмини яке аз ҳадафҳои стратегии кишварамон, яъне ноилшавӣ ба истиқлолияти энергетикӣ дар баробари дигар тадбирҳои таъминкунандаи рушди соҳа татбиқи маҷмӯи ислоҳоти иқтисодиву сохтории соҳа пешбинӣ шудааст. Дар ин ҷода баланд бардоштани қобилияти рақобати комплекси сӯзишвориву энергетикӣ аз пешбурди фаъолонаи сиёсати сарфаҷӯӣ ва самаранок истифода бурдани энергия, инчунин кам кардани талафоти он вобаста мебошад. Дар ин асос ҷиҳати таъмин намудани эҳтиёҷоти кишвар ба нерӯи барқ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар доираи барномаҳои қабулшуда чораҳои мушаххас амалӣ шуда истодаанд. Танҳо дар панҷ соли охир барои пешрафти соҳа беш аз 7,5 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳазорҳо километр хатти интиқоли барқ ва садҳо нерӯгоҳи барқи обии хурду миёна бо иқтидори зиёда аз ҳазор мегаватт сохта, ба истифода дода шуданд. Дар давраи миёнамӯҳлат сохтмони боз 70 нерӯгоҳи хурд дар назар аст ва мо ният дорем, ки солҳои наздик эҳтиёҷоти мамлакатро бо нерӯи барқи худӣ пурра таъмин намоем. Дар ин самт Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ вазифадор аст, ки якҷо бо дигар вазорату идораҳо ҷиҳати ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ба соҳаи энергетика чораҳои зарурӣ андешад. Соли ҷорӣ корҳои сохтмон дар нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-2 ба охир расида, ин иншооти энергетикӣ пурра ба кор медарояд. Корҳо дар бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун тибқи нақша идома дода мешаванд. Вобаста ба ин, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки иҷрои саривақтии барномаву нақшаҳои рушди соҳаро таъмин намояд. Зарур аст, ки дар масъалаи таъмини сарфаҷӯии энергия, кам кардани талафоти он ва доир ба рушди манбаъҳои алтернативии энергия чораҳои муассир андешида шаванд. Боиси хушнудист, ки зимни татбиқи ташаббуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид "Энергияи устувор барои ҳама" Тоҷикистон дар қатори панҷ мамлакати дунё ба ҳайси кишвари пилотӣ пешниҳод шудааст. Ба вазорату идораҳои марбута лозим аст, ки бо сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид ҳамкории созандаро ба роҳ монда, аз имкониятҳои ин барнома ба шакли беҳтарин истифода намоянд. Илова бар ин, сохтору мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҷиҳати таъмини талаботи аҳолӣ ва корхонаҳои саноатии кишвар бо сӯзишворӣ бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ корҳои ҷустуҷӯиву иктишофиро дар майдонҳои ояндадори нафту газ вусъат бахшанд. Ҳоло дар мамлакат дар самти кашф, пармакунӣ, истихроҷ ва коркарди нафту газ 11 ширкатҳои ватаниву хориҷӣ фаъолият намуда истодаанд. Дар баробари ин, дар соҳаи истихроҷи ангишт дар қаламрави кишвар 12 корхонаҳои гуногун фаъолият доранд. Дар марҳалаи кунунӣ ҳалли масъалаи норасоии нафту гази истеҳсоли ватанӣ ва таъмини эҳтиёҷоти кишвар бо сӯзишворӣ бояд тавассути ҳарчи зиёдтар истихроҷ намудани ангишт ва истифодаи он ҳамчун манбаи алтернативии энергетикӣ дар саноат ҳал карда шавад. Зеро дар қаламрави мамлакати мо захираҳои зиёди ангишт мавҷуданд. Бинобар ин, бо мақсади зиёд намудани истихроҷи ангишт ва ба роҳ мондани истифодаи васеи саноатии он ба Ҳукумат супориш дода мешавад, ки ҳарчи зудтар амалӣ намудани барномаи дахлдори давлатиро таъмин намояд. Дар назди соҳаи саноат ва корхонаҳои истеҳсолӣ тавлиди бештари арзиши иловакардашуда бо роҳи баланд бардоштани дараҷаи коркарди ашё, истеҳсоли молҳои тайёр, пайдо намудани мавқеи устувор дар бозори дохиливу хориҷӣ ҳамчун вазифаи аввалиндараҷа гузошта мешавад. Дар баробари ин, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ аз ҷумлаи самтҳои муҳими рушди саноати кишвар мебошад. Тибқи нақшаҳои пешбинишуда танҳо дар давоми ду соли оянда, яъне имсол ва соли 2013 дар қаламрави мамлакат 324 корхонаи хурду миёнаи саноатӣ бунёд карда мешавад, ки аз ин ҳисоб 18 ҳазор ҷойҳои нави кор ташкил мегардад. Бо мақсади суръатбахшӣ ба рушди саноати мамлакат ба Ҳукумат супориш дода мешавад, ки то охири соли ҷорӣ оид ба стратегияи рушди дарозмуддати соҳа ҳуҷҷати барномавиро таҳия ва қабул намояд. Ҳамзамон бо ин, Вазорати энергетика ва саноат вазифадор аст, ки якҷо бо сохтору мақомоти дахлдор ҷиҳати афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли молу маҳсулоти қобили рақобат ва воридотивазкунанда, инчунин тақвият бахшидани нерӯи содиротии мамлакат татбиқи чорабиниҳои мушаххаси дигаргунсозии сохториро амалӣ гардонад. Ба ин хотир, сохтору мақомоти дахлдорро зарур аст, ки дар самти ҳарчи васеътар ба роҳ мондани коркарди ашёи хоми ватанӣ, аз ҷумла металлҳои ранга ва сангҳои қиматбаҳову ороишӣ, маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ, инчунин оби тозаи ошомидании Тоҷикистон ва содироти он, воридоти технологияҳои ҳозиразамони истеҳсолӣ ва таҳкими иқтидорҳои истеҳсолӣ ҳамаҷониба мусоидат намуда, ҷиҳати бартарафсозии монеаву мушкилоти маъмуриву сунъӣ чораҳои таъхирнопазир андешанд. Вазорати нақлиёт, Хадамоти гумрук, корхонаҳои воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ сохтмону таъмири роҳҳои мошингарду оҳан, аз ҷумла қитъаи роҳи оҳани "Ваҳдат - Ёвон"-ро тезонида, доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар фурудгоҳу истгоҳҳои роҳи оҳан ва гузаргоҳҳои гумрукӣ, инчунин ташкили марказҳои логистикӣ чораҳои ҷиддӣ андешанд. Илова бар ин, Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" дар самти бартараф намудани монеаҳои сунъии бюрократӣ ҳангоми воридоту содироти молу маҳсулоти соҳибкорону тоҷирон чораҷӯӣ намояд. Дӯстони азиз! Дар шароити Тоҷикистон соҳаи кишоварзӣ омили асосии таъминкунандаи амнияти озуқавории кишвар, манбаи таъмини корхонаҳои коркарди саноатӣ бо ашёи хом, бахши ташаккулдиҳандаи иқтидори содиротии мамлакат ва муҳимтар аз ҳама, заминаи ташкили ҷойҳои нави кор ба ҳисоб меравад. Бояд қайд намуд, ки мамлакати мо дорои имкониятҳои васеи истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ мебошад. Бо дарназардошти ин, дар сурати оқилона ва самаранок истифода бурдани захираҳои истеҳсолии соҳа мо метавонем худро бо маҳсулоти ғалладонаиҳо, меваю сабзавот, гӯшту шир ва дигар намудҳои озуқа пурра таъмин намоем. Барои расидан ба ин ҳадафҳо аз ҷониби Ҳукумати кишвар 17 барномаи давлатӣ қабул гардида, ислоҳоти замин, таҷдиди хоҷагиҳо ва рушди бахшҳои гуногуни кишоварзӣ мавриди чораҷӯӣ қарор дорад. Ҳамзамон бо ин, ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ то ба имрӯз 9 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи беш аз як миллиард сомонӣ амалӣ гардида, танҳо дар 5 соли охир аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳо бо дарназардошти қарзҳои имтиёзноки додашуда 2 миллиарду 340 миллион сомонӣ маблағҳо равона шудаанд. Айни ҳол боз 16 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 1,2 миллиард сомонӣ мавриди татбиқ қарор дорад. Барои таъмини амнияти озуқавории кишвар татбиқи чорабиниҳои мушаххас доир ба истифодаи оқилонаи обу замин, баланд бардоштани ҳосилнокии он, аз заминҳои обӣ гирифтани ду-се ҳосил, инчунин ҷорӣ намудани шаклҳои муосири ташкиливу ҳуқуқии хоҷагидорӣ зарур аст. Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аз он вобастагӣ дорад, беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо ва азхудкунии заминҳои нав мебошад. Бо ин мақсад дар давоми 10 соли охир аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб як миллиард сомонӣ маблағҳо азхуд шуда, дар натиҷа ҳолати мелиоративии 83 ҳазор гектар замин беҳтар гардидааст ва 7 ҳазор гектар заминҳои нав обёрӣ шудаанд. Таъмини бозори истеъмолии мамлакат бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим буда, дар ин ҷода баланд бардоштани самаранокии соҳаи чорводорӣ ва парандапарварӣ бояд чун яке аз самтҳои асосии фаъолият қарор дода шавад. Зарур аст, ки ҷиҳати дар панҷ соли оянда бо гӯшт ва шири истеҳсоли дохилӣ таъмин намудани аҳолии мамлакат тадбирҳои мушаххас амалӣ гарданд. Бо ин мақсад, ба сохтору мақомоти дахлдор супориш дода мешавад, ки ҷиҳати аз андозҳо ва боҷҳои гумрукӣ озод намудани воридоти чорвои хушзот аз хориҷи кишвар лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро дар мӯҳлати кӯтоҳтарин ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд. Илова бар ин, дар баробари инкишоф додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бояд коркарди он низ дар дохили мамлакат тадриҷан афзоиш дода шавад. Бояд гуфт, ки дар 10 соли охир дар соҳаи саноати хӯрокворӣ беш аз 400 корхонаи нав ташкил шудааст, ки онҳо асосан бо коркарди маҳсулоти кишоварзӣ машғуланд. Вале ин ҳанӯз кифоя нест, зеро то имрӯз қисми зиёди маҳсулоти истеҳсолшаванда коркард нашуда, ҳамчун ашёи хом содирот мегардад ё талаф меёбад. Бинобар ин, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкоронро зарур аст, ки ҷиҳати пурра ва самаранок истифода бурдани иқтидорҳои истеҳсолии корхонаҳои саноатии коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, ташкили корхонаҳои нав дар ин самти истеҳсолот ва таҷҳизонидани онҳо бо технологияҳои муосир чораҳои судманд андешанд. Ҳозирини гиромӣ! Замони мо замони ниҳоят мураккаб ва печидаи таърихи башарӣ, замони таҳаввулоти бунёдии созмонҳои иҷтимоӣ, замони рушди бесобиқаи илму фановарӣ, иттилоот ва дар маҷмӯъ нерӯи эҷодии инсон, замони имконоти азими такомули фарҳангӣ ва ахлоқиву маънавӣ, равобит ва ҳамкории густурдаи халқу кишварҳо ва тамаддунҳои ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Дар баробари ин, ба ҳама возеҳ аст, ки замони мо замони зуҳури фаъоли нерӯҳои тахрибкор, замони таблиғ ва паҳн намудани ғояҳои тундгароӣ, густариши хатарҳои экстремизму терроризм, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, коҳиши маънавии ҷомеа ва падидаҳои дигари номатлуб низ мебошад. Суръати густариши онҳо ба ҳаддест, ки имрӯз хатари фарсоиши ҷиддии арзишҳои бунёдии сирати инсон - ахлоқ, фарҳангу маънавиёт, масъулияти фардӣ ва иҷтимоӣ торафт аён мегардад. Дар чунин вазъият масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии мо аз он иборат аст, ки давлати ҷавони миллӣ, истиқлолияти он ва ҷомеаи худро аз чунин пайомадҳои манфӣ эмин нигоҳ дорем. Таърихи тӯлонӣ ва пуршебу фарози башар собит месозад, ки маънавиёт ва фарҳангу маърифат сифатҳои фитрии инсон буда, густариш ва таҳкими пайвастаи арзишҳои милливу умумибашарӣ, рушди ҳамвораи илму маориф, технология ва татбиқи бозёфтҳои навтарин дар фаъолияти созандаи инсоният ҷавҳари аслии рушду тараққии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Таҷриба ва мероси бузургони гузаштаи мо, бидуни шак, таҷаллии барҷастаи ин рисолати наҷиб ва таърихӣ буда, корномаи онҳо саҳми бузурге дар раванди бепоёни инсонсозӣ ва маънависозии ҷомеаи башарӣ маҳсуб мешавад. Ниёгони тамаддунофари мо доимо таъкид доштаанд, ки инсон падидаи тарбиятӣ мебошад. Ташаккул ва такомули ҳақиқии инсон раванди пайгир ва огоҳонаи рушди маънавӣ ва ахлоқии ӯ дар робита бо такмили мазмуни инсонгароии низоми иҷтимоист. Ҳаёт тақозо мекунад, ки мо имрӯз қудрати шинохти мазмуни аслии равандҳо ва таҳаввулоти иҷтимоиро доро ва ба кушодани гиреҳҳои печида, мушкилоти умдаи рӯз ва равшансозии роҳи ояндаи худ қодир бошем. Чунин шинохт дар асл омили асосии таъмини сатҳи матлуби худшиносиву худогоҳӣ ва муҳити солими иҷтимоӣ мебошад. Бидуни чунин худшиносӣ ва худогоҳӣ дар шароити пурталотуми ҷаҳонишавӣ ва хуруҷи нерӯҳои харобиовар ҳифзи асолат, ҳувият ва сирати миллӣ ниҳоят мушкил хоҳад гардид. Бинобар ин, зарур аст, ки дар зеҳну шуури афроди ҷомеа сатҳи мувофиқ ва муассири масъулияти иҷтимоӣ тарбия карда шавад, то ҳар фард дар назди Ватан ва сарнавишти он, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ масъулияти хоса эҳсос намуда, барои иҷрои қарзи фарзандии худ ҳамеша омода бошад. Дар ин озмунгоҳи ҳассоси таърих моро мебояд, ки иродаи матин ва шикастнопазирро чи дар сатҳи саросарии миллӣ ва чи дар сатҳи фардиву иҷтимоӣ мустаҳкам намоем. Ин ирода бар он асос меёбад, ки мо, пеш аз ҳама, фарзандони Ватани ягонаем ва манфиатҳои волои он аз манофеи дигари сиёсиву ҳизбӣ, гурӯҳӣ ва табақавию хусусӣ бартару болотар мебошанд. Қабл аз ҳама, бояд тамоми афроди ҷомеа равшан ва амиқан дарк намоянд, ки мо чӣ ҳадаф дорем, чӣ роҳро пеш гирифтаем ва кадом шеваи амалу рафторро истифода хоҳем кард. Мо ҳадафу вазифаҳои ҷорӣ ва дарозмуддати миллиамонро дар Конститутсия, силсилаи қонунҳо ва барномаҳои стратегии пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ дақиқ муайян намудаем. Ҳадафи аслии мо расидан ба сатҳи шоистаи зиндагӣ ва шароити мусоиди иҷтимоӣ барои ҳар фарди ҷомеа мебошад. Таъмини рушди матлуб ва сатҳи муосири фаъолияти сохторҳои сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ шарти ниҳоят муҳим ва зарурӣ дар ин самт ба шумор меравад. Бинобар ин, зарур аст, ки ба хотири татбиқи муваффақонаи ин вазифаҳои тақдирсоз нерӯи созанда ва эҷодгари сохтору мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои мухталифи иҷтимоӣ ва афроди фаъоли ҷомеа сафарбар гарданд, зеро дар шароити ҷаҳонишавӣ истифодаи шеваҳои кӯҳна дигар самараи дилхоҳ намедиҳад. Аз ин рӯ, давлату Ҳукумат аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба пешрафти илму маориф ҳамчун пойдевори рушду тараққиёти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа диққати махсус зоҳир намуда, ин равандро муттасил идома медиҳад. Маҳз дар ҳамин давра барнома ва консепсияҳои муҳими давлатӣ қабул гардиданд, ки барои амалӣ намудани ислоҳоти соҳаҳои илму маориф ва дар ин замина беҳтар намудани шароити кории олимону омӯзгорон ва сатҳи таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот такони ҷиддӣ бахшиданд. Вале бо вуҷуди ин, дастовардҳои соҳаи маориф ҳанӯз ҳам моро қонеъ карда наметавонанд, зеро дар ин соҳаи муҳими иҷтимоӣ мушкилоти ҳалношуда хеле зиёданд. Таҳлилҳои солҳои охир нишон медиҳанд, ки ҳолати таълим ва тарбия дар мактабҳои миёна беҳбудии ҷиддиро тақозо мекунад. Имрӯз соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар тамоми ҷаҳон яке аз зинаҳои асосӣ ва афзалиятнок ба шумор меравад, зеро ин муассисаҳо вобаста ба талаботи бозори меҳнат мутахассисони соҳаҳои гуногунро омода месозанд. Мутаассифона, фаъолияти низоми мазкур дар кишвари мо ҳанӯз дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Бинобар ин, вобаста ба талаботи бозори меҳнати ватанӣ ва ҷаҳонӣ омода намудани кадрҳои коргарӣ барои кишвари мо амри зарурӣ буда, масъалаи васеъ намудани шабакаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба миён омадааст. Аз ин рӯ, ба Вазорати маориф супориш дода мешавад, ки вазъи имрӯзаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбиро ҳаматарафа омӯхта, пешниҳодоти худро ба Ҳукумат манзур намояд. Рӯ овардан ба технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва татбиқи ҳарчи васеи онҳо дар ҷомеа яке аз ниёзмандиҳои дигари замони ҷаҳонишавӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ дар самтҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва дар асоси он ташаккули ҳукумати электронӣ аз масъалаҳои муҳими замони муосир мебошад. Кишварҳое, ки дар татбиқи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва рушди ҳукумати электронӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардидаанд, пеш аз ҳама ба масъалаҳои омода намудани кадрҳои баландихтисоси ин соҳаи муҳим, рушди инфрасохтори иттилоотӣ, зина ба зина баланд бардоштани сатҳи дониши хизматчиёни давлатӣ ва татбиқи усулҳои идоракунии электронӣ диққати зарурӣ медиҳанд. Бо дарназардошти ин ва бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати техникии табақаҳои гуногуни ҷомеа ва ҳамаҷониба татбиқ намудани технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ дар иқтисоди миллии кишвар Ҳукумати мамлакат ба наздикӣ «Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ»-ро қабул намуд. Ин имкон медиҳад, ки номгӯи зиёди хизматрасониҳои давлатӣ ба шаҳрвандон ба таври электронӣ сари вақт ва босифат расонида шуда, зуҳуроти номатлубе чун бюрократизм ва коррупсия тадриҷан аз байн бурда шаванд. Дар баробари ин, муносибати мутақобилаи ҷомеа бо сохторҳои давлатӣ таҳким меёбад, ки ин яке аз рукнҳои муҳими ҷомеаи шаҳрвандӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, ба Вазорати молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Хадамоти алоқа супориш дода мешавад, ки барои давра ба давра татбиқ намудани «Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ» аз буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳо маблағҳои заруриро ҷалб намоянд. Вазорати маорифро зарур аст, ки бо мақсади мусоидат дар татбиқи саривақтии консепсияи мазкур тарбия ва омода намудани кадрҳои баландихтисосро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таъмин намояд. Дӯстони азиз! Фарҳанг дар ҷомеаи башарӣ яке аз воситаҳои муҳими тарбия ва баланд бардоштани сатҳи маърифати мардум, бахусус ҷавонон ба ҳисоб рафта, метавонад дар ташаккули арзишҳои ахлоқиву маънавии ҷомеа нақши калидӣ дошта бошад. Бо дарназардошти ин, Ҳукумати кишвар ба ин соҳаи муҳими иҷтимоӣ низ беш аз пеш таваҷҷӯҳ зоҳир менамояд. Солҳои охир дар ин соҳа як қатор тадбирҳои судманд амалӣ гардиданд, ки барои густариши фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ дар шаҳру деҳоти мамлакат ва ҳамзамон бо ин, шиносонидани кишвари соҳибистиқлоли мо дар сатҳи ҷаҳонӣ саҳми арзанда доранд. Қобили зикр аст, ки имрӯз аҳли фарҳанги тоҷик чи дар офариниши асарҳои саҳнавӣ ва чи дар филмофарӣ бо ҷоизаҳои бонуфузи байналмилалӣ қадр гардида, фарҳангу ҳунари миллии моро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоянд. Бахусус ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эътироф ва таҷлил гардидани Наврӯз - ҷашни миллӣ ва суннатии тоҷикон бори дигар мардуми моро ҳамчун миллати фарҳангсоз ва дорои таърих, анъана ва тамаддуни қадима ба ҷаҳониён шиносонид, ки барои ҳар як фарди худогоҳ мояи ифтихор ва сарфарозист. Қобили зикр аст, ки дар баробари рушди босуръати ҷаҳони имрӯза нақш ва мақоми китоб ҳамчун сарчашмаи донишу тамаддун ва таҳаввулоти фарҳангиву маънавӣ пайваста боло меравад. Таи чанд соли охир татбиқи барномаҳои муҳими давлатӣ имкон доданд, ки ҳаҷми фонди китобхонаҳои мамлакат рӯ ба афзоиш ниҳода, ниёзи хонандагон дар самти дастрасӣ ба дастовардҳои асри иттилоот ҳарчи бештар қонеъ гардонида шавад. Ин аст, ки имрӯз дар шаҳру деҳоти мамлакат беш аз 1300 китобхонаи оммавӣ ва 120 мағозаи фурӯши китоб фаъолият дошта, танҳо дар панҷ соли охир 30 китобхонаи нав ва дар соли гузашта 20 фурӯшгоҳи нави китоб мавриди истифода қарор дода шуд. Бо дарназардошти ин, метавон гуфт, ки суннати китобдӯстӣ ва фарҳангпарварӣ, ки ба мо аз гузаштагони тамаддунсозамон ба мерос мондааст, имрӯз ҳам ба таври ибратбахш идома дорад. Маҳз ба хотири эҳёи тамаддуни таърихӣ ва пайвастан ба равандҳои илмию фарҳангии муосир ба наздикӣ Китобхонаи миллӣ ба истифода дода шуд, ки метавонад дар ҷамъоварӣ, ҳифзи китобу дастхатҳои нодир ва дар маҷмӯъ дар рушди соҳаи китобдорӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати фарҳангии ҷомеа нақши бориз дошта бошад. Сиёсати иҷтимоии давлат чун солҳои пешин ба таъмин намудани адолати иҷтимоӣ, паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои баробари рушд равона карда шудааст. Бо вуҷуди он, ки бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ таъсири манфии худро ба татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат расонида истодааст, мо кӯшиш дорем, ки сатҳи зиндагии мардумро дар заминаи рушди устувори иқтисодии кишвар марҳала ба марҳала баланд бардорем. Дар самти таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди касбомӯзӣ барои бекорон низ мо ба натиҷаҳои назаррас ноил шудем. Дар ин замина тайи панҷ соли охир дар кишвар зиёда аз 500 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис ёфта, раванди афзоиши бекорӣ бо таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ то ҳадде кам гардид. Барои таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор таъсиси курсҳои тайёрӣ ва бозомӯзии касбӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Вале дар ин самти муҳими иҷтимоӣ боз тадбирҳои зиёдеро анҷом доданамон лозим меояд. Зеро ин масъала ҳамоно муҳим боқӣ монда, ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳи Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Бинобар ин, ба вазоратҳои меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф супориш дода мешавад, ки ҳар сол ҷиҳати ба касбомӯзӣ, такмили ихтисос ва шаҳодатномакунонии малакаҳои касбӣ ҷалб намудани то сад ҳазор нафар шаҳрвандони бекор, бахусус муҳоҷирони меҳнатӣ чораҷӯӣ намуда, бо ин мақсад дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар марказҳои таълими калонсолон, омӯзиши хизматрасонӣ ва соҳибкориро ташкил намояд. Ҳамзамон бо ин, ба тамоми сохторҳои давлатӣ ва дар навбати аввал вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки бо ҷалби имкониятҳои соҳибкорони ватанӣ ҷиҳати таъсис додани корхонаҳои нави истеҳсолӣ, муҳайё намудани шумораи ҳарчи бештари ҷойҳои корӣ, зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, баланд бардоштани сифати маҳсулот ва сатҳи хизматрасонӣ, инчунин азхудкунии заминҳои нав чораҳои қатъӣ андешанд. Амалӣ намудани тамоми чорабиниҳои зарурӣ доир ба беҳтар кардани шароити хизматрасонии муассисаҳои тандурустӣ минбаъд низ дар маркази диққати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон қарор хоҳад дошт. Бинобар ин, Вазорати тандурустӣ ва дигар мақомоту сохторҳои давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо ҷалби сармоягузорону соҳибкорон бояд дар самти тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳа, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, махсусан дар байни ҷавонон, таъмири муассисаҳои тиббии мавҷуда ва бунёди бунгоҳу дармонгоҳҳои нав, инчунин таъминоти онҳо бо таҷҳизоти муосири тиббӣ мунтазам чораҷӯӣ намоянд. Ҳозирини мӯҳтарам! Баъди ба даст овардани истиқлолият Ҳукумати Тоҷикистон ба татбиқи сиёсати ҷавонон аҳамияти хоса зоҳир намуда истодааст. Институтҳои муҳими кор бо ҷавонон дар сатҳи ҳукуматӣ ва муассисаҳои таълимӣ ташаккул ёфта, имрӯзҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсии кишварамон иштироки фаъолона доранд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои татбиқи амалии сиёсати давлатии ҷавононро фароҳам овардаанд. Мақсади асосии ин сиёсат таъмини шароити ҳуқуқӣ, иқтисодиву ташкилӣ ва иҷтимоии ҷавонон мебошад. Бо вуҷуди ин, имрӯзҳо вазъи қонунвайронкунӣ дар байни ҷавонон, махсусан ноболиғон ташвишовар аст. Яке аз омилҳои асосии ба кирдорҳои номатлуб даст задани ҷавонон сатҳи пасти тарбия дар муҳити оила, мактаб ва ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки "фарзанд азиз – одобаш аз вай азизтар аст". Равандҳои пуртазоди вақтҳои охир низ тақозо менамоянд, ки масъулияти омӯзгор, падару модар, махсусан хизматчиёну мансабдорони давлатӣ ва соҳибкорон барои рафторҳои ношоиста ва қонунвайронкунӣ аз тарафи фарзандонашон баланд бардошта шавад. Бо ин мақсад мо Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро қабул намудем. Вале мутаассифона, ҷараёни иҷрои қонуни мазкур моро қаноатманд карда наметавонад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ мо бо ҷалби аҳли ҷомеа, бахусус падару модар бояд наслеро тарбия карда, ба воя расонем, ки аз нигоҳи одобу ахлоқ, донишу заковат, худшиносиву ҷаҳонбинӣ ба ниёзмандиҳои ҷаҳони муосир мувофиқ бошад. Бинобар ин, Ҳукуматро зарур аст, ки механизми ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва роҳҳои амалӣ гардонидани қонуни мазкурро омӯхта, дар муддати ду моҳ доир ба ҳалли ин масъала пешниҳоди мушаххас омода намояд. Бо ин мақсад ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки ҷараёни иҷрои қонуни мазкурро зери назорати қатъӣ қарор дода, корҳои фаҳмондадиҳиро дар ҷомеа вусъат бахшанд. Нақш ва иштироки ҷавонон дар сиёсат, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ хеле назаррас мебошад. Раванди ташаккули маърифати сиёсӣ моро водор месозад, ки ба ҳар як падидаву ҳаводисе, ки дар кишварамон ва минтақаҳои мухталифи олам ба вуқӯъ меоянд, баҳои воқеӣ дода, мавқеи худ ва манфиати ватанамонро ҳимоя карда тавонем. Аз ин рӯ, зарур аст, ки Вазорати маориф ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар самти ташаккули маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷавонон ва дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ тарбия кардани насли ҷавон барномаҳои алоҳидаи давлатиро таҳия карда, ба Ҳукумат пешниҳод намоянд. Бори дигар мехоҳам таъкид созам, ки ҷалби ҷавонон ба намудҳои гуногуни варзиш, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим аз ташкили инфрасохтори зарурӣ вобастагии калон дорад. Бо ин мақсад Ҳукумат масъалаи то соли 2015 бунёд намудани маҷмааҳои варзишиву солимгардониро дар ҳар як шаҳру ноҳия ва шаҳраку деҳоти кишварамон мавриди омӯзиш қарор дода, нақшаи сохтмони иншооти варзиширо дар кишвар таҳия кардааст. Дар ин замина дар давоми чанд соли охир барои рушди соҳаи варзиш дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҳазорҳо иншооти варзишӣ бунёду барқарор гардида, айни ҳол дар ҳудуди кишварамон беш аз сад варзишгоҳ, чор ҳазору ҳафтод майдончаи варзишӣ ва зиёда аз ҳазор толори варзишӣ дар ҳоли истифода мебошанд. Танҳо соли гузашта дар қаламрави мамлакат зиёда аз ҳазор иншооти гуногуни варзишӣ, аз ҷумла варзишгоҳу маҷмааҳо ва толору майдончаҳои гуногуни варзишӣ сохта, ба истифода супорида шуданд. Ба Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки ҷиҳати татбиқи саривақтии Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2011-2015 чораҳои мушаххас андешанд. Агар гуфтаҳои ба соҳаи иҷтимоиёт марбутро хулоса кунем, бори дигар собит мегардад, ки рисолати давлату Ҳукумати кишвар таъмини рушди устувори иқтисодиёт ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, тарбияи насли аз лиҳози ҷисмониву маънавӣ солим, ҳифзи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мебошад. Ҳамзамон бо ин, ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки дар шароити қувват гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ ва мураккаб гардидани авзои сиёсии ҷаҳон танҳо миллатҳое пойдор мемонанд ва ҳувияти худро маҳфуз медоранд, ки дар баробари азхуд кардани дастовардҳои навини илму технология, ҳамчунин парчами истиқлолияти давлатӣ ва худшиносии миллиашон ҳамеша побарҷо ва сарафроз бошад. Бо тамоми масъулият гуфтан мумкин аст, ки Тоҷикистон барои сарбаландона муваффақ шудан ба ин ҳадафҳои тақдирсоз омода аст, зеро дар зарфи бист соли истиқлолият асосҳои халалнопазири давлатдории тоҷикон гузошта шудаанд ва роҳу равишҳои пешгирифтаи он дар арсаи сиёсии ҷаҳон муқаррар гардидаанд. Ҳамватанони азиз! Амалан ду даҳсола аст, ки мо бо шумо давлати нав, давлати демокративу ҳуқуқбунёд месозем, ки дар он ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар мадди аввал меистад ва дар ин замина сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ торафт баланд мегардад. Қонун бояд, пеш аз ҳама, ба ҳифзу ҳимояи инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ равона карда шавад, мавқеи шахсро дар ҷомеа мустаҳкам намояд ва барои истифодаи нерӯи моддиву маънавии вай, зиндагии осуда ва озоду шоистаи шаҳрвандон дар ҷомеа мусоидат намуда, ташкили фазои мӯътадили соҳибкорӣ ва фаъолияти муназзами мақомоти давлатӣ, корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳо замина гузорад. Баъди қабули Конститутсияи кишвар ва ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф гардидани суд давлат ҷиҳати таҳкими асосҳои он пайваста таваҷҷӯҳ зоҳир менамояд. Дар ин раванд давра ба давра татбиқ шудани ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ ва дар доираи он такмилу таҳким бахшидан ба сохтор ва фаъолияти мақомоти судӣ, мустаҳкам намудани асосҳои моддиву техникии онҳо ва беҳтар кардани вазъи ҳуқуқиву иҷтимоии судяҳо аз ҷумлаи ин тадбирҳо ба шумор меравад. Дар навбати худ ҳокимияти судӣ вазифадор аст, ки ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсонро меҳвари фаъолияти худ қарор дода, тавассути қабули санадҳои одилонаву қонунӣ татбиқи дурусти меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳо адолати судиро таъмин намояд. Ҳарчанд ки давлат доираи салоҳияти судҳоро васеъ гардонида, ҳамаи шароити заруриро барои мустақилияти онҳо фароҳам овардааст, лекин дар амалӣ гардидани ин тадбирҳо сатҳи касбӣ ва муносибати онҳо ба ҳалли масъалаҳои ба зиммаашон вогузоршуда беҳбудии ҷиддиро тақозо менамояд. Аз ин рӯ, Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Шӯрои адлия, Вазорати адлия ва дигар мақомоти дахлдори давлатиро зарур аст, ки иҷрои саривақтии Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқиро барои солҳои 2011- 2013 таъмин намоянд ва ҷиҳати ҷобаҷогузории дурусти кадрҳои соҳа, баланд бардоштани сатҳи донишу тахассуси онҳо, пешбарӣ кардани ҳуқуқшиносони пуртаҷриба ба мансаби судягӣ, иҷрои саривақтии санадҳои судӣ ва роҳ надодан ба қонуншиканиҳо дар фаъолияти судяҳо, инчунин ҳалли дигар масъалаҳои ташкилии фаъолияти судӣ тадбирҳои муассир андешанд. Омӯзишу таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки шумораи муроҷиатҳои шаҳрвандон ба мақомоти давлатӣ, аз ҷумла ба унвони Президенти кишвар сол ба сол меафзояд. Вобаста ба ин, таъкид месозам, ки роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ҳар як хизматчии давлатӣ бояд муносибати худро ба ин масъала куллан тағйир диҳанд ва барои такмили роҳу усулҳои қабули шаҳрвандон, ҳалли мушкилоти онҳо чораҳои иловагӣ андешанд. Корро дар ин самт тавре бояд ташкил кард, ки ягон ариза, шикоят ва пешниҳоди шаҳрвандон бе таваҷҷӯҳ намонад. Мо доим таъкид мекунем, ки пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа аз суботу оромӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ вобастагии мустақим дорад. Мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, хариду фурӯши одамон, муқовимат бо коррупсия ва дар маҷмӯъ ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии давлат, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ мебошанд. Яке аз масъалаҳои мубрами рӯз, ки ҳамагонро ба ташвиш овардааст, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир аст. Дар кишвар зидди ин зуҳуроти номатлуб аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муборизаи беамон бурда мешавад. Ҳарчанд ки дар ин самт натиҷаҳои мусбат ба даст омадаанд, вале то ба ҳол моро қонеъ намегардонанд ва ин фаъолият ба мусоидат ва ҳамкории тамоми табақаҳои ҷомеа ниёз дорад, зеро маводи мухаддир ба генофонди миллат зарба зада, ахлоқи ҷомеа, махсусан ҷавононро коҳиш медиҳад ва гузашта аз ин, чунонки борҳо гуфтаем, яке аз сарчашмаҳои маблағгузории терроризм ва эҷоди хатар ба амнияти давлату ҷомеа ба ҳисоб меравад. Бо мақсади пурзӯр намудани фаъолият дар ин самт зарур мешуморам, ки аз ҷониби Ҳукумати кишвар Стратегияи миллӣ оид ба мубориза бар зидди маводи мухаддир барои солҳои 2013 - 2020 таҳия карда шавад. Дар масъалаи пешгирии ҷинояткорӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ ва тарбияи ахлоқии аҳолӣ, хусусан ҷавонон барои риоя ва эҳтироми қонун ба қайд гирифтани ҳар як ҷинояти содиршуда, ба ҷавобгарии қонунӣ кашидани шахси онро содиркарда ва таъмини принсипи ногузирии ҷавобгарӣ нақши муҳим мебозад. Вазъи воқеии ҷинояткорӣ дар ҷомеа ва арзу шикоятҳои зиёди шаҳрвандон гувоҳи он аст, ки кор дар ин самтҳо ҳанӯз ҳам қаноатбахш нест. Ҳолатҳои нокушода мондани ҷиноятҳо, аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои беҳтар нишон додани натиҷаҳои корӣ аз қайд пинҳон кардани ҷиноятҳо ҳоло ҳам ҷой доранд. Мутаассифона, ҳолатҳои содир гардидани ҷиноятҳо аз ҷониби баъзе кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, аз ҷумла ширкати онҳо дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, даст задан ба кирдорҳои коррупсионӣ, ҷой доштани усулҳои нораво ҳангоми таҳқиқ ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ боиси нигаронии ҷиддӣ мебошад. Мувофиқи маълумоти Прокуратураи генералӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия соли 2011-ум 167 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судҳо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд. Бинобар ин, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, аз ҷумла Вазорати мудофиа, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Сарраёсати Қушунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар ва сохторҳои дигар вазифадоранд, ки доир ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ, риояи савганди ҳарбӣ, сатҳи касбӣ, омодагии ҷисмонӣ ва рӯҳию равонии хизматчиёни ҳарбӣ, интизоми ҳайати шахсӣ, риояи ойинномаҳои ҳарбӣ ва волоияти қонун, инчунин тарбияи кадрҳои баландихтисос дар муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарбии кишварамон ва давлатҳои пешрафтаи хориҷӣ чораҳои иловагии доимӣ андешанд. Илова бар ин, барои омода намудани мутахассисони дорои сатҳи баланди касбӣ ва пок нигоҳ доштани сафҳои худ аз шахсони тасодуфӣ тадбирҳои ҷиддиро амалӣ намоянд. Коррупсия яке аз хатарҳои асосии ҷомеа буда, ба пешрафти соҳаҳои мухталифи ҳаёти давлату ҷамъият халали ҷиддӣ ворид месозад. Дар Тоҷикистон ҷиҳати мубориза бо ин падидаи номатлуб тамоми заминаҳои ҳуқуқиву ташкилӣ фароҳам оварда шудаанд. Вале татбиқи онҳо ҳанӯз ҳам қаноатбахш нест. Бинобар ин, мақомоти дахлдори давлатӣ, аз ҷумла Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бар зидди коррупсияро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ муборизаро бар зидди амалҳои коррупсионӣ боз ҳам тақвият бахшанд. Бо ин мақсад, пеш аз ҳама, ҷиҳати таъмини риояи қатъии қонун ва паст кардани шиддати коррупсия дар фаъолияти мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо тадбирҳои иловагӣ андешида, дар ҷомеа фазои оштинопазири зиддикоррупсионӣ ба вуҷуд оварда шавад. Ҳамзамон бо ин, фаъолияти Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсияро, ки соли гузашта таъсис дода шуд, ҷоннок кардан лозим аст. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро зарур аст, ки бо дарназардошти проблемаву мушкилоти мавҷуда Стратегияи мубориза бо коррупсияро барои солҳои 2013-2020 таҳия ва пешниҳод намояд. Дар робита ба ин, зарур мешуморам, ки бо мақсади беҳтар намудани фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, такмили сохтори он, мутобиқ намудани фаъолияти мақомот ба талаботи замони муосир ва меъёрҳои асноди ҳуқуқи байналмилалӣ, инчунин наздик намудани фаъолияти мақомот бо ҷомеа «Барномаи ислоҳоти милитсия» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» таҳия ва пешниҳод карда шаванд. Мӯҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Бист сол муқаддам Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол ба узвияти Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд. Ин иқдом ҳарчанд тибқи қоидаву суннатҳои созмонҳои байналмилалӣ як амали мантиқӣ ва як амри одиву маъмулӣ маҳсуб мегардад, вале барои мардуми соҳибтамаддун ва соҳибдевон, вале асрҳои аср аз давлати миллии худ маҳруми тоҷик рӯйдоди гаронбаҳотарин ва арзишмандтарин буд, зеро ҳақиқати таърихӣ баъд аз садсолаҳо пирӯзӣ ёфт ва дар радифи мардумони зиёди сайёра манзалати соҳибдавлативу соҳибтақдирии халқи тоҷикро исбот кард. Табиист, ки ин амр раванди шинохти давлати тозабунёди моро аз ҷониби аъзои дигари ҷомеаи байналмилалӣ суръат бахшид ва барои ҳарчи зудтар чун давлати озоду мустақил дар арсаи дунё ба фаъолият оғоз кардани он заминаи мусоид гузошт. Лекин бо вуҷуди он, ки каме баъд ба иллати оғоз ёфтани ихтилофоти дохилӣ, шиддат ёфтани он ва ниҳоят, забона задану доман паҳн кардани оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ раванди шаклгирӣ ва татбиқи сиёсати хориҷии мо бо мушкилоти зиёди мухталиф рӯ ба рӯ шуд, истиқлоли миллии деринтизори мо имкон фароҳам сохт, ки мо дар ин дунёи пурталотум роҳи хосаи кишвар ва мартабаву манзалати лоиқи худро пайдо кунем, сарзамини куҳанбунёди хешро ба шаклу тариқаҳои муосир ба оламиён муаррифӣ намоем, ба сулҳу салоҳ ва ваҳдати миллӣ ноил гашта, онро таҳким бахшем ва дар ин заминаи мустаҳкам ба шоҳроҳи рушду тараққӣ ва бунёдкориву созандагӣ бароем. Дар ин раванд ҳамзамон ба мо муяссар шуд, ки асосҳои сиёсати хориҷии мустақили кишварро шакл бахшем, усули пойдор ва анъанаҳои арзишманди онро муайян кунем ва асли «ҳамкорӣ бо ҳамаи мардуми ба мо некхоҳ»-ро шиори кори худ намоем. Идомаи мантиқии ин сиёсат, ки мо онро бо номи «дарҳои кушода» муаррифӣ кардем, ҳам ба эҳёи равобити қадимаи фаромӯшшуда ва ҳам ба дарёфти ҳамшарикону ҳамёрони ҷадиди ғайримаъмул дар арсаи байналмилалӣ мусоидат намуда, ҷиҳати рушди кишвар имкониятҳои нав ба вуҷуд овард. Вале дар ҳама ҳолат ва дар ҳар гуна вазъият ҳимояву ҳифозати манфиатҳои олии миллӣ иборат аз таъмини истиқлолу озодӣ, тамомияти арзӣ ва суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори кишвар меҳвари фаъолияти сиёсии моро ташкил медиҳад. Раванди ҷаҳонишавӣ, ки имрӯз тамоюли ҳоким бар равобити байналмилалист, аз ҳамаи мо ҷустуҷӯи эҷодгарона ва дарёфти дақиқи василаву воситаҳои татбиқи ин манфиатҳои миллиро тақозо дорад. Таърих гувоҳ аст ва ҳамаи мо шоҳидем, ки вазъи олам дар оғози истиқлоли кишвар ва ҳолати имрӯзаи он аз ҳамдигар ба куллӣ фарқ мекунанд. Аз истиқрори зоҳирии олами дуқутба то шӯру ғавғои ҷаҳони имрӯза, аз раванди ғолибан ором ва бетағйири асри гузашта то таҳаввулоти босуръат ва баъзан ғайричашмдошти олами муосир, аз мавқеъҳои ғайри қобили тағйир то ҷойивазкунии марказҳои қудрат дар арсаи дунё, рақобати онҳо барои манбаъҳои ашёи хом ва сарватҳои табиӣ – ҳамаи ин равандҳои зудтағйирёбанда ва мутазод муайян намудани стратегияи сиёсати хориҷиро ҷиҳати рушд ва василаҳои тактикии татбиқи он барои кишваре мисли Тоҷикистон ба андозае душвор ва мушкил мегардонад. Вазифаи ҷонии ҳар яки мову шумост, ки дар ин замина заҳмат кашем ва беҳтарин роҳу тариқаҳои рушди устувори кишварро дақиқ муайян намоем ва имконоти сиёсати хориҷии кишварро ба он равона созем. Дар доираи ин мавзӯъ агар раванди минтақагароӣ ва ё аз нуқтаи назари ҷуғрофӣ ба ҳам омадани як идда кишварҳои минтақаи муайянро, ки имрӯз як хислати фарқкунандаи ҷаҳонишавист, ба назар гирем, пеш аз ҳама, фазои пасошӯравӣ ба назар меояд. Ва ин мантиқист, чунки мо бо кишварҳои марбути ин минтақа ду даҳсола қабл зиндагии муштарак доштем ва бо риштаҳои ноаён ҳоло ҳам бо якдигар пайванд дорем. Равобити наздики низомиву сиёсӣ ва амниятӣ, фазои тақрибан ягонаи гуманитарӣ, ҳамкории васеъ ва ба ҳам вобастаи иқтисодӣ имрӯз низ омилҳои асосии зиндагии умумии мо мебошанд. Рафтуои озодонаи одамон, ба истиснои кишварҳои алоҳида, дурнамои гардиши бемамониати молу маҳсулот ва нерӯи корӣ аз мо тақозо дорад, ки ин омилҳоро дар фаъолияти хориҷии худ, алалхусус дар бахши иқтисоди хориҷӣ ҳамеша дар назар дошта бошем. Аз ин рӯ, мо узвияти худро дар созмону ниҳодҳои дар минтақаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил амалкунанда таҳким бахшида, ба хотири инкишофи равобити худ чи бо ин сохторҳо ва чи кишварҳои аъзои он саъю талош хоҳем кард. Дар саргаҳи ин равобит, албатта, масоили рушду густариши муносибатҳои гуногунҷанбаи мо бо шарики боэътимоди стратегиамон – Федератсияи Россия қарор хоҳад гирифт. Минтақаи дигаре, ки мо ба он тааллуқ ва ҳамкорӣ дорем, Осиёи Марказист, ки аз лиҳози ҳар гуна қаробат ба мо наздиктарин аст. Мардумони ҳамаи кишварҳои моро умумиятҳои зиёду гуногун, аз қабили таърихи муштарак, зиндагии монанд, анъанаҳои таърихиву фарҳангу омилҳои мухталифи иҷтимоиву инсонӣ ба ҳам меоранд. Агар ба таҳлили вазъи иқтисодии минтақа назар андозем, мебинем, ки имконияту иқтидорҳои мавҷудаи минтақа дар сурати корбурди муштараки онҳо на танҳо барои комилан таъмин намудани эҳтиёҷоти худи кишварҳои он, балки барои зуд боло бурдани нерӯи содиротиаш кофӣ мебошанд ва агар возеҳтар гӯем, минтақаро амалан худкифо мекунанд. Барои татбиқи ин ҳадаф танҳо нияти нек, иродаи сиёсӣ, талоши пайваста ва ҳамоҳангии фаъолият лозим аст. Мо аз ҷониби худ тарафдори самимии чунин ҳамкории минтақавӣ, истифодаи муштараки имконот ва ҳаллу фасли мушкилот аз тариқи гуфтушунидҳои созанда ҳастем. Ҳар яки шумо хуб медонед, ки мо се мақсадро ҳамчун ҳадафҳои стратегии кишвар эълон доштаем: таъмини истиқлолияти энергетикӣ, истиқлолияти озуқаворӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани Тоҷикистон. Агар бо таваҷҷӯҳ нигаред, магар ягонтои ин ниятҳо зидди манфиатҳои минтақавӣ ҳастанд? Магар татбиқи ин ҳадафҳо имкониятҳои муштараки моро ба маротиб боло намебаранд? Агар Тоҷикистон барқи зиёд ва арзону аз лиҳози экологӣ тоза тавлид кунад ва эҳтиёҷоти кулли минтақаро қонеъ гардонад, магар ин бад аст? Агар имкониятҳои транзитиву коммуникатсионии Тоҷикистон ба нафъи ҳамаи кишварҳои минтақа истифода шаванд, магар аз ин ҳама фоида намебинанд? Ва ё баръакс, агар мо аз василаву воситаҳои дар ихтиёри ҳамсояҳобуда истифода бурда тавонем, касе аз ин зарар мебинад? Не, мо ин тавр фикр намекунем. Ҳама нияту ҳадафҳои мо на танҳо ба нафъи кишвари худамон, балки ба манфиати ҳамаи ҳамсоягон, ҳамаи шарикони минтақавии мо мебошанд ва бо нақшаву мақсадҳои минтақавӣ ҳамоҳангиву созгории комил доранд. Мо танҳо ба манфиати худ ва бар зарари касе кор карданӣ нестем, балки сидқан тарафдори ҳамкориву ҳамшарикии баробарнафъи минтақавӣ ҳастем. Ҳамин мавқеъ ба масоили обу энергетикӣ низ, ки ҳоло вирди забонҳост, дахл дорад. Аз рӯи омори Созмони Милали Муттаҳид, имрӯз дар дунё 300 низову ихтилофоте вуҷуд дорад, ки ба масоили об марбут аcn. Аз ин назар агар ба масъала нигарем, аз оғози истиқлолият то имрӯз кишвари мо, ки қариб 60 фоизи оби Осиёи Марказӣ дар қаламрави он ташаккул меёбад ва дар саргаҳи об қарор дорад, барои ягон давлате мушкил эҷод накардааст. Сарфи назар аз он, ки тибқи ҳуқуқи байналмилалӣ ҳар як мамлакат соҳиби боигариҳои табиии дар қаламраваш ҷойгирифта мебошад, мо ҳеҷ гоҳ дар ин мавзӯъ дар фикри халалдор сохтани манфиати касе нестем, балки ҷонибдори бо маслиҳату машварат амал кардан ҳастем. Сиёсати ҳамарӯзаи мо гувоҳи ин гуфтаҳост. Ҳарчанд мо ақида дорем, ки ин масъалаҳо ба таври сунъӣ тобиши сиёсӣ гирифта, ба дараҷаи ихтилофот бардошта шудаанд, вале омодаем онҳоро дар фазои дӯстонаву созанда муштаракан баррасӣ намоем ва роҳи ҳаллу фасли онҳоро дарёбем. Замоне, ки қисматҳои мухталифи дунё ба ҳам меоянд, созмонҳои минтақавӣ ва фаромиллӣ ташкил медиҳанд, то зиндагии якдигарро осон намоянд, дар минтақаи мо аз ҳам гусастани робитаҳо, бастан ва шикастани роҳҳо, паси ҳам барои якдигар эҷод намудани монеаҳо аз рӯи инсоф нест. Мо бошем, умедворем, ки ҳикмати анъанавии аҷдоди барӯмандамон, ки асрҳо ҳамзистии дӯстонаву бародарона доштанд, ғолиб хоҳад омад! Тоҷикистон дар муносиботи худ бо дигар кишварҳо ва минтақаҳои дунё айни ҳамин усулҳо ва ҳадафҳоро пеш гирифтааст. Шумо медонед, ки кишвари мо узви чандин созмонҳои минтақавию байналмилалӣ дар Ҷанубу Шарқ ё Ҷанубу Ғарби Осиёи Марказист. Дар байни онҳо, албатта, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай мавқеи хоса дорад, чунки ҳар яки шумо дар бораи лоиҳаҳое, ки дар чаҳорчӯби ҳамкорӣ бо ин созмон татбиқ мешаванд, иттилоъ доред. Ҳам дар ин ҷода ва ҳам дар масоили амниятиву сиёсӣ мо ҳамкориҳои худро бо аъзои он ва қабл аз ҳама, Ҷумҳурии Мардумии Чин рушду густариши тоза хоҳем бахшид. Нисбат ба дигар ниҳоду созмонҳо, ки зикрашон дар боло рафт, мо ҳамеша бо аъзои онҳо низ дар бораи ҳадафҳои созанда, ки мақсади ниҳоияшон беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум аст, сӯҳбат мекунем. Бунёд намудани роҳҳои нави оҳану мошингард, қубурҳои нафту газ, хатҳои нави барқ натиҷаи ҷустуҷӯҳо ва дарёфтҳое ҳастанд, ки болотар ман дар бораи онҳо ёдовар шудам. Ҳадафи татбиқи чунин нақшаҳои созанда ғайр аз муҳайё намудани зиндагии орому осуда ва беҳтару хубтар барои мардумони мо чизи дигаре нест. Рӯзномаи мулоқоту вохӯриҳои дуҷониба, сегонаву чоргона, ки шумо дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ шоҳидашон будед, маҳз аз чунин масоил иборат буд. Мо минбаъд низ барои таҳкиму густариши равобити худ бо ин созмонҳои минтақавӣ ва кишварҳои аъзои онҳо саъю талош ба харҷ хоҳем дод. Чун сухан дар бораи минтақаи ҳамҷавор рафт, мо наметавонем масоили марбут ба Афғонистони ҳамсояро баррасӣ накунем, зеро ҳамеша таъкид бар он дорем, ки амнияти Осиёи Марказиро бидуни таъмини амният дар Афғонистон тасаввур кардан ғайриимкон аст. Равандҳои мусбати инкишофи вазъ дар ин кишвари дӯсту бародар, албатта, боиси қаноатмандии мо ҳастанд. Вале бояд гуфт, ки онҳо ҳанӯз комилан ба тамоюлоти ғайри қобили баргашт мубаддал нагаштаанд ва дар ин ҷода ҳанӯз саъю талоши зиёде бояд кард. Дар ин замина ҳамкориҳои созандаи мо бо эътилофи байналмилалӣ, ки ҳамеша хуб буданд ва бо кишварҳои Ғарб, ки шомили он ҳастанд, идома хоҳанд ёфт. Равобити гуногунҷанбаи мо бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ин самт омили муҳиме хоҳад буд. Вале хуруҷи эълоншудаи ин нерӯҳо дар соли 2014 масъулияти моро, ки чун кишвари буферӣ бо сарҳади тӯлонии қариб 1400 - километра дар рӯ ба рӯи таҳдиду хатарҳои муосир қарор дорем, дучанд зиёд хоҳад кард. Ҳарчанд кишварҳои эътилоф эълом кардаанд, ки ин ҳамкориҳои онҳо ҷиҳати тақвияти амният дар Афғонистон давом меёбанд, мусаллам аст, ки баъди он таърих мо бо воқеияти наве рӯ ба рӯ хоҳем шуд. Аз ин рӯ, ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи сиёсиву иқтисодии мо, аз ҷумла ҳамкории амниятии мо чи бо созмонҳои марбута, ки узвашон ҳастем ва чи бо худи Афғонистони бародар тақвият ва таҳким хоҳанд ёфт. Муносибатҳои ҳасанаи мо бо кишварҳои мусулмон ва олами араб, ки дар сатҳи матлуб қарор доранд, фаъолияти боз ҳам густурдатар ва фарохтарро тақозо доранд, то аз имкониятҳои молиявӣ ва сармоягузории ин кишварҳо беҳтар истифода шаванд. Робитаҳои густурда ва серҷанбаи мо бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои мухталифи он мисли пештара аз таваҷҷӯҳи хос бархурдор хоҳад буд. Зеро мо аз аъзои фаъоли Созмони Милал ҳастем ва ҳамкориҳои худро бо ин ниҳоди муҳими ҷаҳонӣ баланд арзёбӣ мекунем. Дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ аз ҷониби он пазируфта шудани се ташаббуси мо – эълони соли байналмилалии оби тоза, тасдиқи даҳсолаи амалиёти «Об барои ҳаёт» ва Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об эълон гардидани соли 2013 мавқеи аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ эътироф гардидани сарварии Тоҷикистонро дар ин раванд собит сохт ва таҳким бахшид. Бо ҳамкориву кӯмакҳои ин созмонҳо теъдоди зиёди лоиҳаҳо дар кишвар мавриди татбиқ қарор доранд ва мо равобити худро дар оянда бо онҳо тавсеа ва густариш хоҳем дод. Тоҷикистон ҷонибдори инкишофи муносибатҳои ҳамаҷонибаи худ бо созмонҳои байналмилалии молиявист. Бо ибрози сипос ба ин созмонҳо барои татбиқи лоиҳаҳое, ки дар кишвар бо мадади онҳо амалӣ шудаанд, мо бояд бештар саъй намоем, ки истифодаи ҳарчи васеътари ин имконот ҷиҳати рушди мамлакат ба амал ояд. Дар ин робита мехоҳам бори дигар аҳамияти дипломатияи иқтисодиро таъкид намоям, чунки солҳои охир дар радифи истифодаи тарзу усулҳои дипломатияи анъанавию классикӣ аҳамияти тариқаву василаҳои дипломатияи иқтисодӣ ба маротиб боло рафтааст. Ҳарчанд дар боло ишорае ба ин мавзӯъ рафт, мо бояд ин амалияро амиқтар омӯзем ва аз беҳтарин намунаҳои он пурсамар истифода кунем. Ин агар, аз як ҷониб, дастури бевоситаву мушаххасе барои Вазорати корҳои хориҷӣ бошад, аз ҷониби дигар, ҳамаи вазорату идораҳои кишвар дар ин ҷода бояд бо дарки масъулияти бештар дар сатҳи ин талабот амал намоянд. Сиёсати хориҷии созанда ва ба ҳамкории густурдаву васеъ равонагардидаи мо дар маҷмӯъ бояд вазифаи анъанавии худ - мусоидати ҳамаҷониба ба рушди устувори кишвар, таъмини амнияту оромии мамлакат ва сатҳи шоистаи зиндагии мардуми онро ба тариқаи беҳтарин иҷро намуда, фардои ободи Тоҷикистонро таъмин намояд. Ҳамватанони азиз! Дар баробари комёбиву муваффақиятҳои дар замони истиқлолият бадастовардаамон имрӯз дар назди давлату миллати мо вазифаҳои боз ҳам бузургтару ояндасоз истодаанд. Итминони комил дорам, ки маҳз хираду дониши мардуми куҳанбунёди мо ва ваҳдати миллии халқи Тоҷикистон имкон медиҳад, то мо ҳадафҳои стратегиамонро зина ба зина амалӣ намуда, дар давраи миёнамӯҳлат сатҳи рушди босуботи кишварро таъмин намоем. Таъмини иҷрои вазифаҳои имрӯз баёнгардида аз ҳар яки мову шумо – аз коргари одӣ то роҳбари корхона, кишоварзону соҳибкорон, олимону зиёиён, инчунин роҳбарони ҳамаи шохаҳои ҳокимият ва намояндагони мардуми кишвар дар мақоми олии қонунбарор вобастагии мустақим дорад. Агар ҳамаи мову шумо ба хотири ободии Ватани азизамон ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон содиқонаву садоқатмандона заҳмат кашем, бешубҳа, мушкилоти мавҷуда дар як муддати кӯтоҳ бартараф ва зиндагии осудаи ҳар як шаҳрванди кишварамон таъмин мегардад. Дар ин давраи тақдирсози рушди миллиамон мо бояд сарҷамъона ҳамаи имконияту воситаҳои мавҷударо барои амалисозии барномаҳои рушди миллиамон равона намоем. Асри XXI даврони рушди илму технология буда, таълиму тарбияи дурусти фарзандон, азхуд кардан ва дар ҳамаи самтҳои зиндагӣ ҷорӣ намудани навигариҳои илму техника ва технологияҳои муосир, ташаккули нерӯи солиму созандаи ҷомеа шарти асосии рушди босуботи иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвар мебошад. Фаромӯш набояд кард, ки дар ҳама давру замон нерӯи инсонӣ бузургтарин арзишу дороии миллату давлат мебошад. Бо истифодаи ҳарчи пурраву пурсамар аз ин нерӯи бузург, хусусан мардуми солору заҳматкаш ва бонангу номусамон мо вазифадорем, ки пешрафти давлати соҳибихтиёри худ, волоияти қонун, суботи сиёсиву иҷтимоӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди босуръати ҷомеаи шаҳрвандӣ, тараққиёти илму маориф ва адабу ҳунар, вусъати корҳои ободониву созандагии сарзамини муқаддасамон ва тавсеаи тафаккуру андешаи ватандӯстона ва инсонгароёнаро, ки хислати азалии миллати ватанпарвари мо мебошад, таъмин намоем. Тавре ки дар оғози сухан гуфтам, соли равон барои мардуми шарифи тоҷик соли ҷашнҳои бузурги таърихӣ мебошад. Маҳз дар ҳамин сол ду ҷашни муҳим ва барои миллати мо сарнавиштсоз, яъне 20-солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ ва 15-солагии Ваҳдати миллиро таҷлил менамоем. Иҷлосияи таърихии 16-ум сохти конститутсиониро дар кишвари тозаистиқлоли мо барқарор сохта, барои ташкил ва фаъолияти пурсамари тамоми сохторҳои давлатӣ асоси қонунӣ гузошт ва Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ мардуми бо амри таърих парешонгаштаи моро ба ҳам оварда, ваҳдати саросарии халқи Тоҷикистонро таъмин намуд ва барои тараққиёти минбаъдаи иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии давлати соҳибистиқлоламон заминаи боэътимод фароҳам овард. Маҳз хиради азалӣ ва фарҳанги сулҳофари миллати шарафманди тоҷик буд, ки баъди ҳазор сол мо имкон пайдо намудем, то ба ҷомеаи башарӣ бо асолату ҳувияти миллии худ ворид гардем ва дар он мақоми шоиставу сазовори худро соҳиб шуда, манфиатҳои миллиамонро ҳимоя намоем. Мо бояд ин имконияти дар ҳақиқат таърихиро бисёр масъулона ва басо оқилона истифода намуда, истиқлоли Ватан, ягонагӣ ва ваҳдати миллиро таҳкими ҳамаҷониба бахшем. Ин исботи воқеии он хоҳад гардид, ки мо ворисони арзандаи гузаштагони некноми хеш мебошем. Дар марҳалаи кунунӣ ҳамаи мову шумо – фарзандони Тоҷикистони соҳибистиқлол бояд хуб дарк намоем, ки эъмори Тоҷикистони соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, яъне ҳадафҳои тақдирсози халқу давлати мутамаддинро бар дӯш дорем ва сарзамини аҷдодиамонро бо заҳмати шабонарӯзӣ ва саъю талоши сарҷамъонаву ватандӯстона худамон обод мекунем. Дарвоқеъ, устувор намудани пояҳои давлату давлатдории миллӣ ва ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодӣ аз ҳар яки мо масъулияти бузургро тақозо намуда, ҳар фарди бонангу номусро вазифадор месозад, ки ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ кӯшишу талоши пайваста дошта бошад. Ҳамватанони азизи мо хуб дар ёд доранд, ки мо чӣ рӯзҳои сахту сангин ва чӣ мушкилоту маҳрумиятҳои гаронро паси сар кардем ва бовар дошта бошанд, ки мушкилоти имрӯзаро низ бо ғайрату заҳмати созанда ва нангу номуси ватандӯстона паси сар мекунем. Ман бо итминон изҳор медорам, ки бо такя ба нерӯи созандаи мардуми фарҳангиву таҳаммулгарои худ ва бо заҳмати содиқонаву софдилона дар ояндаи наздиктарин Ватанамонро ободу зебо ва нерӯманду пешрафта гардонида, мақоми шоиставу арзандаи онро дар ҷомеаи мутамаддини башарӣ таъмин месозем ва барои фарзандону набераҳоямон як мулки ободу давлати пешрафтаву нерӯмандро ба мерос мегузорем. Дар амри амалӣ гардонидани ин нияту нақшаҳои неку созанда ва ин рисолати пурифтихори миллӣ ба ҳамаи шумо саломатӣ, барори кор ва ба мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯзгори босаодат орзумандам. Ҳамеша саломату хонаобод бошед!
меъмори, таррохи, ороиш, зебои, хона, бино, маъмури, тичорат, мачмаъа, Architekt tadschikischen,الطاجيكية المعماري,Tádžické architekt ,塔吉克建筑师 ,Tajik arkitekt, Tajik arsitek, Տաջիկստանի ճարտարապետ, Tadžiki arhitekt, معمار تاجیک, Tadzjiekse architect, Tajik arkitekto, Tadžikistanin arkkitehti, architecte tadjike, Tajik pensaer, arquitecto Tajik, ტაჯიკეთის არქიტექტორი, Tajik Architects , Tadžikistanski arhitekt , טאג 'יק האדריכל , Táidsícis ailtire , Tayikistán arquitecto , Tadzjikiska arkitekt , Tagiko architetto , Tajik arkitekt , タジキスタンの建築家 , Tadjikistan arquitecte , 타지크어 건축 , architekt tadżycki , Tadžiku arhitekts , Tadžikų architektas , Tádzsik építész , Таџикистански архитект , Tajik arkitek , perit Taġik , arquiteto Tajik , Tadjikă arhitect , Таджикский архитектор , Таџик архитекта , Tadžické architekt , Tajik majengo , Tacik mimar , Таджицький архітектор , تاجکستان کے معمار , Tajik kiến trúc sư , Τατζικιστάν αρχιτέκτονα,Bakhrom Makhmadaliev,Махмадалиев Бахром,Душанбе архитектор,Таджикистан архитектор,Tajik designer,Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,Эмомали Рахмон,Tajikistan architectural news,Tajikistan construction news,Dushanbe city,Architects,Architectural Photography,Art,Awarded Competitions,Awards,Building Technology and Materials,Competitions,Design,Designers,Education,Educational,Events,Exhibition,Featured,Healthcare Architecture,Heritage,Hotels and Restaurants,Houses,Housing,Industrial Architecture,Infrastructure,Institutional Architecture,Interiors,Landscape,Leisure,Mixed Use,Monuments and Memorials,Museums and Libraries,News,Office Buildings,Offices,Pavilion,Politics,Polls,Products,Public Facilities,Publications,Refurbishment,Religious Architecture, Residential, restaurant, Retail,Selected,Skyscrapers,Software,Sports Architecture,Structures,Sustainability,Theory and History,Travels,Uncategorized,Urban Design,Urban Planning,Videos,Архитекторы,Архитектурная фотография,Искусство,Награжден Конкурсы,Награды,Строительные технологии и материалы,Конкурсы,Культурный,Дизайн,Дизайнеры,Редакционный,Образование,Учебный,События,Выставка,Рекомендуемые,Здравоохранение Архитектура,Наследие,Гостиницы и рестораны,Дома,Жилье,Промышленная Архитектура,Инфраструктура,Институциональной архитектуры,Интерьер,Пейзаж,Досуг,Смешанное использование,Памятники и достопримечательности,Музеи и библиотеки,Новости,Офисные здания,Офисы,Павильон,Политика,Опросы,Продукты,Коммунальные услуги,Публикаций,Ремонт,Религиозная архитектура,Жилой,ресторан,Розничная торговля,Выбранный,Небоскребы,Программное обеспечение,Архитектура спорта,Структуры,Устойчивость,Теория и история,Путешествия,Без рубрики,Городского дизайна,Градостроительство,Видео,Architetti,Architectural Photography,Arte,Premiato Concorsi,Premi,Costruire tecnologie e materiali, Concorsi,Culturale,Progettazione,Designers,Editoriale,Istruzione,Educativo,Eventi,Mostra,In primo piano,Healthcare Architettura,Patrimonio,Alberghi e Ristoranti,Case,Alloggiamento,Architettura industriale,Infrastruttura,Architettura istituzionale,Interiors,Paesaggio,Tempo libero,Uso misto,Monumenti e memoriali,Musei e Biblioteche,Notizie,Ufficio Edilizia,Uffici,Padiglione,Politica,Sondaggi,Prodotti,Servizi pubblici,Pubblicazioni,Ristrutturazione,Architettura religiosa,Residenziale,ristorante,Al dettaglio,Selezionato,Grattacieli,Software,Sport Architettura,Strutture,Sostenibilità,Teoria e Storia,Viaggi,Uncategorized,Urban Design,Urbanistica,Video
меъмори, таррохи, ороиш, зебои, хона, бино, маъмури, тичорат, мачмаъа, Architekt tadschikischen,الطاجيكية المعماري,Tádžické architekt ,塔吉克建筑师 ,Tajik arkitekt, Tajik arsitek, Տաջիկստանի ճարտարապետ, Tadžiki arhitekt, معمار تاجیک, Tadzjiekse architect, Tajik arkitekto, Tadžikistanin arkkitehti, architecte tadjike, Tajik pensaer, arquitecto Tajik, ტაჯიკეთის არქიტექტორი, Tajik Architects , Tadžikistanski arhitekt , טאג 'יק האדריכל , Táidsícis ailtire , Tayikistán arquitecto , Tadzjikiska arkitekt , Tagiko architetto , Tajik arkitekt , タジキスタンの建築家 , Tadjikistan arquitecte , 타지크어 건축 , architekt tadżycki , Tadžiku arhitekts , Tadžikų architektas , Tádzsik építész , Таџикистански архитект , Tajik arkitek , perit Taġik , arquiteto Tajik , Tadjikă arhitect , Таджикский архитектор , Таџик архитекта , Tadžické architekt , Tajik majengo , Tacik mimar , Таджицький архітектор , تاجکستان کے معمار , Tajik kiến trúc sư , Τατζικιστάν αρχιτέκτονα,Bakhrom Makhmadaliev,Махмадалиев Бахром,Душанбе архитектор,Таджикистан архитектор,Tajik designer,Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,Эмомали Рахмон,Tajikistan architectural news,Tajikistan construction news,Dushanbe city,Architects,Architectural Photography,Art,Awarded Competitions,Awards,Building Technology and Materials,Competitions,Design,Designers,Education,Educational,Events,Exhibition,Featured,Healthcare Architecture,Heritage,Hotels and Restaurants,Houses,Housing,Industrial Architecture,Infrastructure,Institutional Architecture,Interiors,Landscape,Leisure,Mixed Use,Monuments and Memorials,Museums and Libraries,News,Office Buildings,Offices,Pavilion,Politics,Polls,Products,Public Facilities,Publications,Refurbishment,Religious Architecture, Residential, restaurant, Retail,Selected,Skyscrapers,Software,Sports Architecture,Structures,Sustainability,Theory and History,Travels,Uncategorized,Urban Design,Urban Planning,Videos,Архитекторы,Архитектурная фотография,Искусство,Награжден Конкурсы,Награды,Строительные технологии и материалы,Конкурсы,Культурный,Дизайн,Дизайнеры,Редакционный,Образование,Учебный,События,Выставка,Рекомендуемые,Здравоохранение Архитектура,Наследие,Гостиницы и рестораны,Дома,Жилье,Промышленная Архитектура,Инфраструктура,Институциональной архитектуры,Интерьер,Пейзаж,Досуг,Смешанное использование,Памятники и достопримечательности,Музеи и библиотеки,Новости,Офисные здания,Офисы,Павильон,Политика,Опросы,Продукты,Коммунальные услуги,Публикаций,Ремонт,Религиозная архитектура,Жилой,ресторан,Розничная торговля,Выбранный,Небоскребы,Программное обеспечение,Архитектура спорта,Структуры,Устойчивость,Теория и история,Путешествия,Без рубрики,Городского дизайна,Градостроительство,Видео,Architetti,Architectural Photography,Arte,Premiato Concorsi,Premi,Costruire tecnologie e materiali, Concorsi,Culturale,Progettazione,Designers,Editoriale,Istruzione,Educativo,Eventi,Mostra,In primo piano,Healthcare Architettura,Patrimonio,Alberghi e Ristoranti,Case,Alloggiamento,Architettura industriale,Infrastruttura,Architettura istituzionale,Interiors,Paesaggio,Tempo libero,Uso misto,Monumenti e memoriali,Musei e Biblioteche,Notizie,Ufficio Edilizia,Uffici,Padiglione,Politica,Sondaggi,Prodotti,Servizi pubblici,Pubblicazioni,Ristrutturazione,Architettura religiosa,Residenziale,ristorante,Al dettaglio,Selezionato,Grattacieli,Software,Sport Architettura,Strutture,Sostenibilità,Teoria e Storia,Viaggi,Uncategorized,Urban Design,Urbanistica,Video