"Соҳиб будани калиди даре, ки суи илми ҷадид ва рушд кушода мешавад, барои меъморӣ қатъӣ мебошад. Навоварӣ, тадқиқот ва тарақиёт барои рушди соҳа интизомҳои зарурӣ ҳисобида мешаванд."

Ваҳдати миллӣ ва омилҳои таҳкими он

Ваҳдати миллӣ, тавре борҳо  Сарвари давлатамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, омили муҳимтарини ҳастии миллат, ватан­до­рӣ ва давлатдории соҳибистиқлоламон мебо­шад. Ба ҳамин маънии тақдирсоз ваҳдати миллӣ сарчашмаи асосии падидаи ҳамкорӣ, созгорӣ ва ҳамоҳангии манфиатҳою субот дар ҷомеа, амнияту тараққии кишвар ва  муҳимтарин заминаи пешрафтҳои халқамон ба шумор меравад.
Тараққиёти ҷомеа  аз он шаҳодат медиҳад, ки ваҳ­дати миллӣ ҳамчун зуҳуроти ҷамъиятӣ вобаста ба сохти дав­лат­дорӣ, муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ ташаккул ва рушд меёбад.
Андешаи Ваҳдат дар таърихи фалсафа ва ирфонамон мақоми бориз дошта, аз тарафи мутафаккирон ва адибонамон ҳамчун омили осоиши ҷомеа дониста шудааст. Ба таъбири Мавлоно
                    Аз қудрати иттифоқ ғофил машавед,
Дандонҳо сангро ба ҳам мешикананд.
            Дар адабиёт ва фалсафаи муосир мафҳуми ваҳдати миллӣ бештар маънои умумияти иҷтимоӣ ва муттаҳидии аъзоёни ҷомеаро дошта, қариб дар ҳама тамаддунҳо чун омили субот ва таъмини пешравии кишвар ба ҳисоб меравад.
Ваҳдати миллӣ аз як тараф ба ҳалли проблемаҳои дохили кишвар мусоидат намояд, аз тарафи дигар ҳалли низоъҳо ба таҳкими ваҳдати миллӣ сабаб мегардад.
Ҳамагон хуб медонанд,  ки ваҳдати миллӣ ба сатҳи худшиносии миллӣ ва дарки амиқи моҳияти ватандорӣ вобастагии ногусастанӣ дорад. Агар ба гузаштаи наздик назар афканем, ин масъала ба хубӣ возеҳ мешавад. Чунончи, дар асри гузашта, ба туфайли ташкил шудани Ҷум­ҳурии Шӯравии Тоҷикистон адабиёт, санъат ва илм ба воситаи осори шинохтатарин бунёдгузорони он, аз ҷумла С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, М. Турсунзода ва Б. Ғафуров дар худ­шиносӣ ва таҳ­ки­ми ваҳдати миллӣ таъсири бузург доштанд. Ху­­сусан «Намунаи адабиёти тоҷик»-и С. Айнӣ ва «Тоҷикон»-и Б. Ғафу­ров барои тавсеаи заминаҳои илмии худшиносӣ ва ваҳдати миллиамон нақши муҳимро иҷро карданд.
Зарурат ва аҳамияти бузурги ваҳдати миллӣ махсусан дар давраи соҳибистиқлолии давлатӣ эҳсос мешавад. Зеро, ки   соҳиб шудан ба Истиқлолият барои ҳар як халқу кишвар  кори осон нест, вале муҳофизат ва ҳимояти он мушкилтар аз он аст. Роҳи расидан ба истиқлолият ва ваҳдати миллӣ шояд дар тасаввур осон намояд, вале ҳаёт нишон медиҳад, ки ҳифзи истиқлол ва ваҳдати миллӣ аз ҳар як сокини кишвар ҷаҳду талош­ҳои зиёд, маърифатнокӣ ва фарҳанги сиёсии волоро  тақозо менамояд.
Дар ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ бо сабаби пароканда шудани Ит­тиҳоди Шӯравӣ мо тоҷикистониён ба истиқлолияти давлатӣ ноил гардидем. Би­нобар ин умед буд, ки дар шароити нави таърихӣ барои таҳкими ваҳ­­дати миллӣ беш аз пеш ша­рои­ти мусоид фароҳам меояд. Вале мута­ас­­сифона, дере нагузашта дар кишвари мо ихтилофу низоъҳо боло гирифтанд.
Қувваҳои моҷароҷӯи сиёсии дохилӣ бо дастгирии  ҳомиёни хориҷиашон, ки мустақилияти давлатии кишварамон ва низоми давлатдории навинамонро намехостанд, дар ҷомеа тухми кина­ву адоват, низоъ ва ҷудои­хо­ҳи­ро пошида, оташи ҷанги шаҳр­ван­­диро афрӯхтанд, ки қурбони­ҳои зиёди ҷонӣ ва молӣ, пайдо шудани шумораи зиёди фиро­риё­ни иҷбориро ба бор оварда, ваҳдати миллӣ ва якпор­ча­гии мамлакатро зери хатар гузошт.
Бинобар ин чораҳои муассире зарур буданд, ки ҷанги шаҳрвандиро хо­тима дода, ваҳдати миллӣ, ягонагии кишвар, барқарор кардани сох­ти конститутсионӣ, рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мам­лакатро таъмин намоянд. Бо дарки ҳамин зарурати таърихӣ Иҷ­ло­сияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шуд, ки дар он масъалаҳои муҳими ҳаёти мамлакат, аз ҷумла интихоби роҳ­ба­ри нави сиёсӣ, хо­тима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва истиқрори сулҳи комил баррасӣ шуданд.
Дар Иҷлосия қувваҳои солими сиёсии ҷомеа Эмомалӣ Раҳмонро сарвари давлат интихоб намуданд. Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш изҳор кард, ки: «Ман кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқ­бунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъро ором намоем». Сарвари давлат он вақт бо ин суханони худ барномаи сулҳ ва ваҳдати миллии ояндаро эълом дода буд.
Дар ҳамин замина роҳбарияти нави сиёсии мамлакат ягона роҳи дурусти ба сулҳи комили миллӣ расиданро дар гуфтушунидҳо бо мухолифини муттаҳида медид, бинобар ин марҳилаи гуфтушунидҳо оғоз шуданд, ки якчанд давр баргузор гашта, ниҳоят 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва бо имзои «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» анҷом ёфтанд. Дар аксарияти ин гуфтушунидҳо Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан ширкат варзида, дар ҳаллу фасли масъалаҳои баҳсталаб саҳми арзанда­ву  беназири таърихӣ гу­зошт. Дар мавриди имзои Созишномаи мазкур мухолифини мутта­ҳи­даи тоҷик низ ҳусни тафоҳум нишон доданд. Дар натиҷа бо мақсади таҳ­кими ваҳдати миллӣ намояндагони мухолифини муттаҳида дар ҳаҷ­ми сӣ фоиз ба вазифаҳои давлатӣ ҷалб шуданд ва қувваҳои мусаллаҳи он­ҳо ба қувваҳои мусаллаҳи давлатӣ пайвастанд. Ин чораҳои муассир бе­шубҳа, пояҳои ваҳдати миллиро беш аз пеш тақвият бах­ши­данд. Бояд гуфт, ки дар истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ саҳ­ми соз­мон­ҳои бонуфузи байналмилалӣ–СММ, САҲА, давлатҳои кафил шоистаи таҳсин аст ва мо аз онҳо миннатпазирем.
Истиқрори сулҳ заминаи ваҳдати миллиро фароҳам овард. Вале барои он ки ин сулҳ ва ваҳдати миллӣ ба таври воқеӣ устувор гардад, зарур аст, ки омилҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ хуб корбаст шаванд. Дар ин раванд пеш аз ҳама омили иқтисодӣ басе муассир аст.
Зарурати таърихии инкишофи ояндаи ҷомеа талаб ме­намояд, ки фаъолияти амалии мақомоти гуногунзинаи дав­ла­тӣ ва ғайриҳукуматӣ баҳри рушду такомули давлат, соҳиб­маъ­ри­фат намудани шаҳрвандон ва баланд бардоштани сатҳи фар­ҳан­ги сиёсии ҷомеа бомақсадона ва пурсамар  равона гардад. Во­қеъияти зиндагӣ ва таҷрибаи ҷомеаи ҷаҳонӣ собит месозад, ки агар шаҳрвандон  маърифати баланди сиёсӣ надошта бошанд дар байни онҳо ваҳдату якдилии устувор ба вуҷуд намеояд. Аз ин лиҳоз  моро зарур аст, ки аз тамоми нерую имкониятҳои хеш ҳамарӯза баҳ­ри баланд бардоштани сатҳи маърифату шуури миллии мар­ду­­ми кишвар, фарҳанги сиёсии ҷомеа, тақвияти ваҳдату як­ди­лии халқи сарзамини хеш, беҳ намудани шароити иқтисодию иҷ­­тимоии аҳли ҷомеа ва рушду тараққиёти мамлакатамон беш аз пеш истифода намоем.
Шароити таърихие, ки дар охири асри 20 ва аввали асри 21 дар ҷаҳон ба миён омадааст, ҷомеаи моро ба падидаҳои нави ҳамгироӣ рӯ ба рӯ гардонид.
Минтақаҳои кишвар, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ ва коммуникатсия  ба ҳамдигар вобастагии суст доштанд дар мадди аввал масъалаи таъмини алоқаҳои доимии онҳоро ба миён гузошт. Мута­ас­си­фо­на, фарқиятҳое, ки дар манотиқи гуногуни киш­вар ҷой дошт, са­баби аз ҷиҳати иқ­тисодӣ нобаробар инки­шоф ёфтани мин­та­қа­ҳо шуда буданд. Бар­та­раф намудани ин тафовут осон набуд. Вале имрӯз ин масъалаҳо ба тадриҷ ҳалли худро ёфта истодаанд, ки дар натиҷаи он вилоятҳо ва ноҳияҳои кишвар дар тамоми фаслҳои сол ба алоқаҳои нақлиётӣ ва коммуникат­си­онии боэътимод таъмин гардиданд. Алҳол алоқаҳои нақлиётиву ком­му­никатсионӣ на танҳо барои рафту омаду муошират хизмат мекунанд, балки боиси ташаккули муносибатҳои иқтисодии ус­ту­вори минтақаҳо гаштанд, ки дар натиҷа манфиатҳои иқ­ти­со­дии умумиро  ба вуҷуд оварда, омили муҳим­та­рини ваҳдати мил­лӣ гардидаанд. Маҳз барпо намудани ало­қа­ҳои ягонаи хоҷа­ги­до­рӣ байни минтақаҳо, бо назардошти имкониятҳои иқ­ти­со­дию ис­теҳсолӣ ва захира­ҳои табиии мавҷуда, хусусияти аграрӣ, иқ­лим, дараҷаи тахассусмандию касбии аҳолӣ,  ин­ки­шо­­фи низоми одилонаи тақсимоти меҳнат, тавсеаи ало­қа­­­­ҳои иқтисодӣ дар дохили мамлакат ва як қатор дигар самтҳои фаъолияти бобарор  ба та­шак­кули ваҳдати мил­лӣ ва субот дар ҷомеа заминаҳои боэътимод гузоштанд.
Дар радифи ин равандҳо бояд зикр кард, ки кафолати қонунии баробарии гурӯҳ­ҳои этникӣ яке аз омилҳои муҳими амалишавии ваҳдати миллӣ ва суботи ҷомеа мебошад. Ақа­лият­ҳои миллӣ ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ барои афзоиши ҳиссаи худ дар ин­кишофи иқтисодию фар­ҳангии кишвар имконоти нав пайдо намуданд. Онҳо усулҳои нави хоҷагидорӣ ва инкишофи фар­ҳангро дар заминаи муносиботи байниқавмӣ муқаррар карда, барои сулҳу субот ва тараққии тамоми  соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ мусоидат менамоянд.
Ин сиёсат аз солҳои душвори оғози Истиқлолияти давлатӣ барои ба иқтисоди бозорӣ гузаштан пеш гирифта шуд ва дар ҷиҳати паст кардани шиддати зиддиятҳои иҷтимоӣ, ки ба ваҳдати миллӣ халал мерасониданд, хидмат мекард. Аз ин  лиҳоз, ҳалли зиддиятҳои дар ҷомеа ба  вуҷуд омада ба роҳбарияти мамлакат имконият дод, ки дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва тадриҷан ба эътидол овардани  ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ муваффақиятҳои назаррас ба даст оварад.
Баъди истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба манзури расидан ба сатҳи боло­та­ри рушди иқтисодиёт чан­дин санадҳои ҳуқуқӣ ва фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуданд. Аз ҷумла стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қабул шуда буд, барои ба эътидол овардани вазъи иқти­со­дию молиявӣ, хамчунин барои амали муассири иқтисоди бозорӣ мусоидати зиёд кард ва ба болоравии сатҳи иқтисодиёти миллӣ заминаи устувор гузошт Дар солҳои охир барои иҷрои мақсадҳои рушди ҳазорсолаи нав чораҳои таъхирнопазири муассир  андешида шуда истодаанд.
Ин муваффақиятҳо ба таҳкими асосҳои ҳуқуқии низоми нави иҷтимоию иқтисодӣ низ вобаста буданд. Чунки дар ҳалли проблемаҳои ҷомеаи мо, аз ҷумла дар таҳкими ваҳдати миллӣ нақши меъёрҳо ва санадҳои ҳуқуқӣ хеле муҳим буд. Дар даврони соҳибистиқлолии ҷум­ҳуриа­мон бисёр санадҳое қабул шуданд, ки ба таъмини зами­наҳои ҳуқуқии ташаккул ва таҳкими ваҳдати миллӣ мусоидат карданд.
Ҳанӯз дар Изҳороте, ки дар бораи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуда буд (9 сентя­бри соли 1991), Тоҷикистон пайравии худро ба Эъломияи умуми­ҷа­ҳонии ҳуқуқи башар ва дигар меъёрҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон тасдиқ карда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлати соҳибистиқлол эълон намуд ва барои ваҳдати миллӣ роҳи фарох боз кард.
Баъдан дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикис­то­ни соҳибистиқ­лол, ки 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, арзишҳо, принсипҳо ва меъёрҳое, ки асос­ҳои ҳуқуқии ваҳдати миллиро муайян менамоянд, дарҷ шуданд. Аз ҷумла, дар муқаддимаи Конститутсия чунин арзиш­ҳо ифода гардидаанд, ки қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ будан, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурдан, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф кардан, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор доданро дар бар гирифтанд.
Дар дигар қисматҳои Конститутсия арзишу меъёрҳои давла­ти соҳиб­ихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ будани Ҷум­ҳурии Тоҷикистон эълом гардидааст. Аз он ҷумла, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ эътироф шудааст ва ҳамаи мардуми Тоҷикис­тон­ сарфи назар аз миллаташон шаҳрвандони кишвар донис­та шудаанд ва ин асл заминаи боэътимоди ҳуқуқии ваҳдати миллиро муқаррар сохтааст.
Конститутсия  инкишофи ҳаёти ҷамъиятиро дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ, гуногунҳизбӣ, озодии виҷдон, ҷудо будани иттиҳодияҳои динӣ аз давлат, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ таъмин сохтааст. Конститутсия эътибори олии ҳуқуқӣ дошта, волоияти қонунро ҳамчун арзиши муҳими давлати ҳуқуқбунёду демократӣ эълом доштааст. Ҳамчунин, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст нисбат ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон волоият дошта, баробарӣ дар назди қонун қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ба­ро­­барҳуқуқии занон ва мардон, дахлнопазирии шахсият, кафолати ҳиф­зи судӣ, озодии сухан, нашр ва ҳуқуқи истифода аз воситаҳои ахбор, ҳу­қуқ ба моликият ва мерос хамчун аслҳои муҳим пазируфта шудаанд, ки барои ризоят ва ваҳдати миллӣ ва пайвастан ба ҷомеаи ҷаҳонӣ роҳи васеъ боз кардааст.
Баъди қабули Конститутсия то ба имрӯз  қонунҳое таҳия ва қабул гар­ди­данд, ки заминаҳои ҳуқу­қии ваҳдатро тақвият ва таҳким бахшиданд. Ҳамчунин нақши санадҳое, ки дар рафти гуфту­шу­­ниди миёни тоҷикон ва баъдан дар Комиссияи Оштии миллӣ қабул шу­данд, хеле муҳим буданд. Аз ҷумла, Созишномаи умумии истиқ­ро­ри сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон (27 июни соли 1997), Санади ҳам­ди­гар­бахшӣ (10 июли соли 1997), Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи иштироккунандагони муқовимати сиёсӣ ва низо­мӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1 августи соли 1997, № 485), Қонунҳо дар бораи ҳизб­ҳои сиёсӣ, интихобот ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, тағйирот ба Консти­тут­си­яи Ҷум­ҳу­­рии Тоҷикистон соли 1999 ва таъсиси парлумони думаҷлиса-Маҷ­ли­си мил­лӣ ва Маҷлиси намояндагон заминаҳои нави ҳуқуқии ваҳдати миллиро  ба вуҷуд оварданд ва онро тақвият доданд.
Баъдан тағйироте, ки соли 2003 ба Конститутсияи мамлакат ва қо­нун­­гузорӣ ворид шуданд, низ барои такмил ва густариши ваҳдати миллӣ нақ­ши муҳим бозиданд.
Дар ин раванд саҳми санадҳои ҳуқуқии байнал­ми­ла­лӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф ва тасдиқ кардааст, басо назаррас мебошанд. Ҳамзамон, Паймонҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ; оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ; Конвенсияҳои байналмилалӣ дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ; ҳамаи шаклҳои табъиз нисбат ба занон; зидди шиканҷа ва дигар навъ­ҳои муносибатҳои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқирку­нан­даи шаъну ша­рафи инсон, Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак, Конвен­сия дар бораи ҳимояи ҳуқуқи ҳамаи коргарони муҳоҷир, аъзои оилаи онҳо ва дигарҳо бешак санадҳои ҳуқуқие ҳастанд, ки дар вусъати демократия ва таҳкими ваҳдати миллӣ нақши босазо гузоштаанд ва дар оянда низ хоҳанд бозид.
Зуҳури падидаи ваҳдати миллӣ аслан марбут ба ташаккули давлат­ҳои миллӣ аст, зеро маҳз дар доираи давлати миллӣ зару­ра­ти ба даст овардани эҳсоси умумияти ягонаи сиёсии мардум, ки дар як воҳиди маъмурӣ зиндагӣ доранд, боло меравад. Би­но­бар ҳамин ҳам ваҳдат хусусияти миллияшро танҳо дар доираи та­шаккули давлати миллӣ пайдо мекунад ва мавриди татбиқ қа­рор мегирад. Бинобар  ин нақши давлат дар таҳкими ваҳдати миллӣ меафзояд, зеро он баҳри таъмини рушди иқтисодӣ, суботи иҷтимоӣ ва равнақи фарҳанги миллӣ манфиатдор аст.
Ваҳдати миллӣ воқеан ҳам марбут ба омилҳои гуногунҷан­ба­ест, ки дар он нақши муассирро ҳамоҳангсозии фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ мебозад. Ҳаёти ҷамъиятии баъзе аз кишвар­ҳои пасошӯравӣ, ки бар асари ихти­ло­фи байниҳам­дигарии ниҳодҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ мубталои муноқишоти дохилӣ гаш­танд, собит карданд, ки дар доираи қонунҳо ҳамоҳанг сохтани ниҳодҳои давлатӣ, ки дар кишварамон ба вуқӯъ пайваст, барои амалияи ҷомеа­со­зиамон комилан дуруст буд. Зеро яке аз вазифаҳои муҳими ниҳодҳои давлатӣ ин худ танзими муноси­бат­ҳои нави ҷамъиятӣ ва баланд бардоштани сатҳи эътимоди аъзои ҷомеа ба дурустии арзишҳои дар заминаи ин муносибат­ҳо қарор­дош­та мебошад. Қобили зикр аст, ки ҳамоҳангии фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ дар ин самт заминаи мусоидро дар ҷомеаамон барои ташаккули ваҳ­да­ти миллӣ му­ҳайё сохт.
Дар қатори созмонҳое, ки барои таҳкими ваҳдати миллӣ ва оромии вазъи сиёсию иҷтимоӣ дар ҷумҳуриамон саҳми намоён доранд, Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз таъсисёбии он соли ҷорӣ понздаҳ сал сипарӣ гардид, мавқеи махсус дорад. Шӯрои ҷамъиятӣ, ки бо ташаббуси Президенти мамлакат таъсис  ёфта буд, созмони бонуфуз ва минбари муколамаи ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ мебошад. Шӯрои  мазкур яке аз бозёфтҳои  сиёсии давраи истиқлолияти давлатӣ ва институти нодири демократӣ дар миқёси минтақа ва собиқ давлатҳои  Иттиҳоди Шӯравӣ буда, кори муттаҳидсозанда ва таҳкимбахшандаи ваҳдатро иҷро намуд ва онро идома дода истодааст.
Принсипи асосии фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ ризоияти ҷомеа дар ҳалли масъалаҳои муҳимтарини сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, маънавию фарҳангии мамлакат мебошад, ки дар айни ҳол ҳамкории ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро низ таъмин менамояд. Мақоми ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои ғайриҳукуматие, ки дар пойтахти кишварамон кору фаъолият мекунанд, дар густариши ғояҳои  ваҳдатофарини Президенти  мамлакат ва Шӯрои ҷамъиятӣ, ки ҷомеаро ба муттаҳидӣ расонидааст бисёр муҳим буда, дар оянда ҳам бо самар давом хоҳад кард.
Дар даврони соҳибихтиёрӣ истифодаи васеи арзишҳои мафкуравӣ зарурати аввалиндараҷа доранд. Онҳо омили муҳими таъминку­нан­даи талаботи амниятии одамон, мустаҳкамсозии асосҳои суботи ҷамъиятӣ мебошанд. Бо мурури таъмини халалнопазирии ин ниёз­ҳои аввалия дар давраи ҳози­раи тарақ­қиёти ҷомеа­амон, талабот ба зиндагии шоис­та ташаккул ёфта истодааст ва рисолати ваҳдати миллӣ низ аз мусои­дати созанда ба ин равандҳо иборат мегардад. Давлат на танҳо таҳ­ким­бахши ваҳдати миллӣ, балки мақоми ҳалли манфиатноки масъала­ҳои мубрами ҳаёти гуногунҷабҳаи ҷамъиятӣ низ мебошад.
Иқдоми давлат дар татбиқи сиёсати фароҳам овардани фазои ягонаи фарҳангӣ ва дар он баробар ҷой додани мақому манзалати арзишу анъ­ана­ҳои фарҳангии ватанамон баёнгари ин қазоватҳоянд.
Дар ҷодаи ба даст овардани ваҳдати миллӣ саҳми маориф бештар аз пештар меафзояд, чунки он ба воситаи ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ рисолати эҷоди заминаҳои рушди иқтисодию иҷтимоиро бар дӯш дорад. Ин табиист, зеро имрӯз ҷомеае нест, ки дар таҳаввулу пешрафти он низоми таълиму тарбия нақши чашмгир надошта бошад. Нақши ни­зоми маориф дар таҳкими ваҳдати миллӣ умдатан дар ду самт намудор мегардад. Низоми маориф на танҳо барои афзоиши нерӯи истеҳсолии аъзои ҷомеа, инчунин дар дигаргу­нии рафтору шеваи зиндагии иҷтимоии мардум, аз ҷумла ҷавонон, хидмат менамояд. Дар ин раванд низоми маориф, аз ҷумла муассисаҳои таълимии олӣ вазифаи пурмасъулияти иҷтимоию сиёсӣ - барои тарбияи ҳисси масъулият дар замири насли ҷавони мамлакатро иҷро менамояд. Бинобар ин, ҳар қадар ин кор беҳтар иҷро шавад, таъсири минбаъдаи он ба таҳкиму инкишофи ваҳдати миллӣ бамаротиб афзун хоҳад шуд. Муассисоти олии касбӣ аз ҷумлаи он ниҳодҳои шакл­диҳандае мебошанд, ки барои расидан ба ваҳдати иҷтимоӣ пай­васта саҳм мегузоранд ва ҳисси садоқатро нисбат ба давлат, ҷомеа, эҳтиром ба муқаддасоти онро дар ҷавонон парвариш медиҳанд.
Ҳамзамон ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири иҷтимоӣ бояд ҳамеша баҳри таҳкими пояҳои давлати миллӣ иқтидори посухгӯии муносиб ба талаботу муқовиматҳои ҷаҳони муосир­ро дошта бошад. Яке аз он равандҳои фарогири олами муосир, ки пайваста устувории пояҳои давлатҳои муосири миллӣ, аз ҷумла ваҳдати миллии онҳоро таҳти имтиҳон қарор медиҳад, раванди ҷаҳонишавӣ аст. Тавассути ворид шудан ба ин раванд  мо аз дастовардҳои илму технологияи пешрафтаи ҷаҳонӣ барои таъмини инкишофи мамлакатамон васеъ истифода мебарем. Вале ворид шудан ба ҷараёни ҷаҳонишавӣ ҳифзи арзишҳои беҳтарини миллӣ ва динии халқи худро истисно намекунад, зеро аксаран маҳз дар зами­наи ин арзишҳо эътимоду садоқати ватанпарастии мо тоҷикистониён ташаккул ёфтааст. Эҳтиром ба ин арзишҳо боиси минбаъд ҳам таҳким ёфтани эътимоди аъзои ҷомеа ба ҳамдигар ва сохтори мавҷудаи сиёсӣ ме­гар­дад. Бинобар ин моро лозим аст, ки дар ин раванди мураккаби ҷаҳонӣ дар баробари  таъмини рушди мамлакатамон ягонагии принсипҳои асоситарини маънавии ҷомеаро, аз қабили ватанпарварӣ, садоқат ба ваҳдати миллӣ, эҳтиром ба ақидаи дигарон, таҳаммулпазирӣ, ҳурмати падару модар ва ғайра тақвият бахшем.
Ваҳдат ва таҳкими он чун раванди асосии пешрафту тарақкиёт ҳамеша саъю кӯшиши хастагинопазири аъзои ҷомеа ва кулли ташкилоту муассисаҳои давлатию ғайриҳукуматӣ ва сохторҳои худфаъолияти ҷамъиятиро тақозо мена­мояд. Махсусан, нақши ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар вусъат додани эътимоди иҷти­моии аъзои ҷомеа ба сифати яке аз омилҳои таҳкимбах­шан­даи ваҳдати миллӣ хеле барҷаста аст ва аз ин хотир дар ин самт фа­зои ҳамкориҳои судмандро пайваста бо онҳо гус­та­риш додан боиси манфиат мебошад. Имрӯз дар ҷомеаи мо маҳз тавассути тавсеаи ҳам­ко­риҳои созандаи давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ фазои мусоиди сиёсӣ барои баррасӣ ва ҷустуҷӯи роҳи ҳалли масъалаҳои муб­ра­ми ҳаёти ҷамъиятӣ фароҳам омадааст ва минбаъд низ танҳо дар ҳамин замина мо метавонем ватани худро ба қатори кишварҳои пешрафтаи ҷаҳони муосир бипайвандем.
Ниҳодҳои ҷомеаи шаҳр­вандӣ, аз ҷумла аҳзоби сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ва­соити ахбори омма, иттиҳодияҳои гуногун низ вазифадоранд, ки дар ҷодаи таҳкими пояҳои ваҳдати миллӣ, суботи сиёсии мам­лакат ибтикори ҳамешагӣ нишон диҳанд, зеро бидуни ин омилҳо имконияти таъмини фаъолияти густурдаи онҳоро тасав­вур кардан мушкил аст. Ҳар қадар эътимоди ниҳодҳои ҳо­ки­мия­ти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ нисбат ба якдигар гус­тур­датар бошад, ҳамон қадар боиси устувории вазъи ҷомеа ва ҳамкории кулли аъзои он мегардад. Минбаъд низ танҳо ба ҳамин васила мо метавонем баҳри гулгулшукуфоии кишвари азизамон кӯшишу ғайрати самимона намоем ва дар амали­созии тарҳҳои наву бунёдкоронаи он иштироки фаъол дошта бошем.
Бояд гуфт, ки яке аз муҳимтарин омилҳои таҳкими ваҳдати миллӣ худро ба сифати як ҷузъи миллат амиқан дарк кардан,манфиатҳои олии давлатӣ ва миллиро аз манфиатҳои шахсӣ боло гузоштан, таъмини ягонагии миллиро вазифаи шахсии ҷонии худ ва тамоми ҷомеа дониста дар роҳи ҳимояи манфиатҳои умумимил­лӣ сайъу кӯшиши пайваста нишон додан аст. Мутассифона, ҳоло ҳам ин сифатҳо дар шуури баъзе аъзои ҷомеаамон  ба қад­ри зарурӣ мавҷуд набуда, қатъи назар аз он ки  ақидаҳои носолими чунин шахсонро  ҷомеа қабул надорад, вале онҳо бо сӯистифода аз фазои озоди демократии дар мамлакатамон ба вуҷуд омада, ба амалҳои зидди қонунӣ даст мезананд. 
Ҳодиса­ҳои солҳои 2009 дар Тавилдара, 2010 дар шаҳ­ри Хуҷанд ва оғози соли 2011 дар минтақаи Рашт далели онанд, ки имрӯз ҳам душманони миллати тоҷик дар либоси экстримизму терроризм ва дар шакли ниҳоду ташкилотҳо ва ҷараёнҳои гуногуни сиёсӣ, мазҳабӣ, динӣ дар байни мардум тухми иғво кошта, сулҳу суботи кишварро халалдор карданӣ ҳастанд. Аз ин хотир, дар чунин шароити тақдирсоз мо ҳамагон бояд ба ақлу хирад такя намуда,  ҳушёрию зиракии сиёсӣ нишон дода, ба ҳеҷ ваҷҳ ба доми бадхоҳону душманони халқу кишвар афтодани шаҳрвандони алоҳидаро роҳ надиҳем.
Аз ин хотир баҳри ҳифзи ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ, таҳким ва рушди ҳокимияти сиёсӣ чунин падидаҳои номатлубро, ки душмани ваҳдати миллӣ аст, дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа бояд рафъ намоем. Зарур аст, ки мо ҳамагон бештар аз ҳарвақта тақвият бахшидану густариши фаъолияти иҷтимоӣ ва фарҳангии ба талаботи ҷомеаи муосир ҷавобгӯйро, ки қабл  аз ҳама бояд баҳри аз байн бурдани зуҳуроти номатлуб равона гардидаанд, дар маркази фаъолияти ҳамарӯзаамон қарор ди­ҳем.
Қобили таваҷҷӯҳ аст, ки стратегияи ваҳдати миллӣ ба ра­ванд­­ҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва идеологӣ дар ҷомеа самти созанда ва устувор бахшида, дар такмил ва рушди арзишҳои демократӣ, татбиқ ва пешбурди принсипи ҳамкорӣ бо тамоми ҳаракатҳои сиёсӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ, бахусус бо иттиҳодияҳои динӣ омили муҳим гардидааст.
Дар иртибот ба масъалаи дин сиёсати давлати мо равшан буда, дар суханрониҳои Сарвари давлатамон борҳо баён шудааст. Чунонки маълум аст, ҷавҳари ҳар як фарҳанг ва ҳар як динро арзишҳои онҳо ташкил медиҳанд. Дар тамоми динҳо, бахусус дар дини мубинамон- Ислом, имон ва асли ихтиёри шахс маҳаки асосӣ ва арзиши олӣ ҳисобида мешавад.
Аз ин рӯ бояд донист, ки асли дунявият ва хусусияти дунявии давлати миллии мо низ маънои дахолат ба масъалаҳои имон ва эътиқоди инсонҳо ва шаҳрвандонро надорад. Бинобар ин сиёсат ва стратегияи ваҳдати миллӣ бар ин асл асос ёфта, ҳуқуқ ва озодиҳои ди­нии шаҳрвандонро шарти муҳими суботу амнияти миллӣ меҳи­собад.
Дар замони муосир бояд дар назар дошт, ки ваҳдати ому томи миллӣ ҳеҷ гоҳ дар асоси арзишҳои як худи дин амалӣ намешавад. Чунки ваҳдати миллӣ масъалаи танҳо динӣ ва сирф сиёсии як гурӯҳ ва ё ҳизбе намебошад, он ифодаи талабот ва ниёзҳои тамоми ҷомеа, қатъи назар аз эътиқоди динӣ, мансубияти миллӣ ва ҳизбӣ аст. Агар аз мавқеи сиёсати байналмилалӣ назар афканем, сулҳи моро кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ба хотири эътиқоди динии ин ё он ҳизб ва ё гурӯҳи сиёсӣ эътироф накардаанд. Балки маҳз ба хо­ти­ри аз тарафи қувваҳои сиёсии ҷомеаи мо эътироф шудани арзишҳои умумибашарии демократӣ ва дунявӣ, мухолифи экстремизми динӣ ва сиёсӣ будани аксарияти мутлақи аҳолии Тоҷикистон ба истиқрори сулҳамон мусоидат карданд.
Пайваста ҷонибдори ҳамин арзишҳои демократӣ ва дунявии муосир будан ва ҳамзамон арҷ гузоштан ба арзишҳои дини мубини ислом буд, ки сиёсати ваҳдатофарини Президенти мамлакатамонро тамоми халқи  кишвар ҷонибдорӣ намуд ва обрӯю эътибори байналмилалии давлатамонро дар минтақа ва ҷаҳон боло бурд.
Фаъолияти ҳизбҳои сиёсии характери динидошта танҳо дар ҳамон вақт бо муваффақият идома меёбад, ки дар доираи қонунҳои амалкунанда сурат гирад ва асли озодии имон ва эътиқод дар асоси эҳтиром қабул ва амалӣ гардонида шавад. Дар давлати дунявӣ тамоми аҳзобу ҳаракатҳои сиёсӣ, махсусан ҳизб­ҳои сиёсии характери динидошта, маҳз дар доираи Конститутсия ва қонунҳо таъсис меёбанд ва амал мекунанд.
Вақте сухан дар бораи демократия меравад, бояд дар назар дошт, ки бе арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ он мафҳуми абстрактӣ мебошад. Ин чунин маънӣ дорад, ки қолабҳои демократии Ғарбро бе мутобиқ кардани онҳо ба арзишҳои миллӣ ва ахлоқии ҳар миллат ва кишвар ҷорӣ намудан натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Бинобар ин риояи таносуби арзишҳои умумибашарии ғарбию шарқӣ ва хусусиятҳои миллии мардуми кишварамон, ки дар қабули қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва қарорҳо инъикос меёбанд, мазмуну моҳияти созанда ва конкретӣ пайдо мекунанд. Дарназардошти ин асл заминаи ҳуқукӣ ва одату анъанаҳои миллӣ барои ваҳдати миллӣ шароит фароҳам оварда, ба таъмини амнияти миллӣ низ хидмат мекунад.
Чунон ки аз баёни боло маълум гашт, ваҳдати миллӣ дар марҳалаи ҳо­зираи тараққиёти ҷомеаамон ба туфайли омилҳои зикршуда ис­тиқ­рор ёфтааст. Аммо набояд фаромӯш кард, ки ҷомеа ҳамчун организми зинда дар тағйи­роти доимист. Бинобар ин дар баробари ҳалли проблемаҳои рушди ҷомеа масъалаи дурнамои ваҳдати мил­лиро бо­яд дар мадди назарамон қарор диҳем, ки дурнамои он ба омилҳои дохилӣ ва хориҷӣ сахт робита дорад.
Бояд зикр намуд, яке аз мушкилоте, ки феълан ба ваҳдату суботи ҷомеа дар дилхоҳ кишвар таҳдид меку­над, масъалаи паҳн шудани коррупсия мебошад. Дар ин самт дар мамлакатамон тадбирҳои мушаххас амалӣ гардида истодаанд, аммо ҳамагонро зарур мебошад, ки бо ибрати шахсӣ, новобаста ба мақому вазифаи доштаамон дар ҷомеа, дар мубориза бар зидди он нақши муассир гузорем ва ба он ноил гардем, ки  замина ва унсур­ҳои таҳдидкунандаи он ба тартиботи ҷамъия­тӣ ба пуррагӣ аз байн раванд.
   Масъалаи дигаре, ки таваҷҷӯҳи ҷиддии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, махсусан мақомоти қонунгузорро талаб мекунад, таҳлили вазъи муҳоҷирати меҳнатӣ ва андешидани чораҳо барои ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирон мебошад. Бинобар ин омӯхтан ва чораҷӯӣ кардан барои ворид шудан ба бозори меҳнат дар шароити кунунӣ аз корҳои муҳими мо  дар ин самт ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон бояд ба инобат гирифт, ки паст кардани тамоюли муҳоҷирати меҳнатӣ танҳо ба як кишвар аз манфиат холӣ нест. Ҳарчанд, ки ин раванд дар айни замон ҷиҳатҳои мусбат дорад, аммо мо ҷанбаҳои манфии онро набояд аз мадди назар дур созем. Аз нигоҳи мо минбаъд сатҳи тахассусии муҳоҷирони меҳнатиро баланд бар­дош­та, онро дар бозори меҳнатии кишварҳои дигари пешрафта рақобатпазир сохта, ҳамзамон бояд кӯшиш намоем, ки заминаҳои қонуниро дар эҷоди ҷойҳои нави корӣ тақвият ва густариш бахшем.
Сиёсати пайгиронаи Сарвари давлат, ки баҳри татбиқи он мо ҳамагон масъулем, дар ҳама соҳаҳои пешбурди ҳаёти кишвар тадриҷан  шароити арзандаро барои инкишофи озодона ва роҳандозии потенсиали ҳар як аъзои ҷомеа таъмин месозад.  Ин пеш аз ҳама аз вазъи ороми сиёсӣ ва фаъ­олия­ти пурсамару шабонарӯзии сохторҳои амниятиву мақо­мо­ти ҳифзи ҳуқуқ сарчашма мегирад, ки бо бедории касбӣ вазифаҳои таъинотиашонро иҷро менамоянд. Аммо, тавре воқеияти зиндагӣ шаҳодат медиҳад, ин субот ва раванди эъмори давлати соҳибистиқлоламон то ба ҳол баъзе қувваҳоро дар хориҷ ва дохили кишвар ором намегузорад ва онҳо аз паи халалдор кардани авзои сиёсию иҷтимоӣ дар кишвари мо мебошанд.
Бинобар ин мо набояд аз таҳдиди омилҳои бе­рунӣ низ сарфи назар кунем. Ҳодисаҳои моҳи охир дар як қа­тор кишварҳои араб шоҳиди болоравии ин гуна омилҳо дар ама­лияи ҳозираи муносибатҳои бай­нал­халқиянд. Роҳи манфи­ат­­­бахши аз ин хатарҳо эмин нигоҳ доштани ҷомеа ин боз ҳам боло бурдани эътимоду боварӣ ва тавсеаи робитаи ногусастанӣ бо ҷомеа мебошад.
Аз ин ҷиҳат зарур аст, ки дар низоми тағйирёбандаи манфиатҳои геополитикию геостратегӣ корҳои таблиғотию маърифатӣ ба манзури аз тарафи тамоми шаҳрвандон пайгирона дарк намудани воқеияти муосир ба таври таъсирбахш  ба роҳ монда шавад.
Дар ин самт низ зарур мешуморем ёдовар шавем, ки Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар  Паёми ҳарсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи фазои иттилоотӣ, нигоҳ доштани махлутшавии арзишҳои миллиро бо ғояҳои иртиҷоию бегона, ки ҳамзистии осоиштаи ҷомеаро халалдор менамоянд, таъкид карда моро вазифадор намуданд, ки  барои тавсеаи гуногунрангии фазои сиёсии кишвар ва исти­фодаи нерӯи бунёдкоронаи шаҳрвандони мамлакат тадбирҳои воқеӣ ва характери дурнамодошта беш аз ҳарвақта биандешем.
Чун сухан аз нерӯҳои бунёдкори ҷомеа меравад, дар назар доштан зарур аст, ки барои таҳкими ваҳдати миллӣ ва иҷтимоӣ масъалаи нақш ва мақоми зан дар ҳаёти оилавӣ ва ҷамъиятӣ ҷои намоёнеро ишғол месозад. Набояд фаромӯш намуд, ки оила ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ дорои аҳамияти махсус мебошад ва имрӯз занон иштирокчиёни фаъоли сохтмони ҷомеаамон гардидаанд. Ба ҳамин сабаб боло бурдани мақоми ҷамъиятии занон ва устувории заминаҳои иқтисодию фарҳангии оила ва масъулияти падару модар дар тарбияи фарзандон мақоми махсус пайдо кардааст.
Лоиҳаи Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар», ки бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон таҳия шуда, баъд аз муҳокимаи умумихалқӣ ба Маҷлиси Олии мамлакат пешниҳод гардид, ҳамтои худро дар кишварҳои дигар надорад. Он як иқдоми ниҳоят муҳим ҷиҳати тарбияи солими фарзандон ва умуман насли ҷавони ҷомеа мебошад. Ин қонун риояи анъанаҳои арзишманди миллии моро дар тарбияву таълими кӯдакон, бо ҳисси масъулият ба воя расонидани онҳо ва дар айни замон вазифаҳои фарзандонро барои эҳтиром ва парастории волидон муайян мекунад. Он барои рафъи зиддияти байни наслҳо, ки раванди ҷаҳонишавӣ онро тезонидааст, дорои аҳамияти махсус мебошад.
 Ғайр аз ин дар таҳкими ваҳдати миллӣ ҳусни тафоҳуми наслҳои гуно­гун низ хеле зарурат дорад. Дар ин роҳ минбаъд низ манфиат­ҳои насли калонсол ва ҷавонро созгор бояд нигоҳ дорем, зеро якдигарро тақвият додани арзишҳои наслҳои гуногун яке аз шартҳои зарур­та­рини ташаккули шахсият ва таҳкими ваҳдат дар ҷомеа  мебошад.
Маълум аст, ки қисми зиёди ҷомеамонро ҷавонон ташкил дода, онҳо муҳаррики пешбурди сиёсати давлатӣ ва мерос­бари мактаби давлатдории навинамон мебошанд. Тарбияи кадрҳои ҷавон ва ҷалби бештари онҳо дар раван­ди идоракунии ҷомеаамон яке аз омилҳои муҳими устувор­созии пояи ваҳдати миллӣ ба шумор меравад. Зарур аст, ки бобати такмили донишҳои сиё­сию таҷрибаи онҳо оид ба идоракунии давлатӣ дар доираи барномаҳои хизмати давлатӣ тадбирҳои амиқу мушаххастарро амалӣ намоем.
Барои тақвияти фазои идеологӣ, боз ҳам ҳадафрас намудани тадбир­ҳои таблиғотии давлатӣ ва муассиртар берун овардани ҷавонон аз таъсири ғояҳои бегонаи хатарзо ба суботу амният ва ваҳдати миллӣ нашри асарҳои баландмазмуни илмӣ ва бадеӣ, муҳимтар аз ҳама таҳияи филмҳои талқинкунандаи ақидаҳои ватандӯстона ва инсонпарварона, намоишҳои театрии ҷолиб ва тарғибгари идеали олӣ зарур аст. Азбаски насли 20-солаи кишвар аз мушкилоту уқубати ҷанги шаҳрвандӣ камтар хабардор аст, баъзан зуд зери таъсир ва ваъдаҳои дурӯғини душманони осоиш­та­гии мамлакат метавонад қарор гирад. Бинобар ин кори таблиғотию таълиму тарбияро ба таври васеъ ҳамоҳанг кардан минбаъд низ мувофиқ ба мақсад мебошад.
Масъалаи дигаре, ки дар ин самт аз аҳамият холӣ нест,  пас аз адои нахустин ҳукми ҷазои судӣ бо ҷои кор таъмин кардан ё худ бо муносибат­ҳои неки корӣ фаро гирифтани  ноболиғони аз озодӣ ба мӯҳлатҳои гуногун маҳрум гардида мебошад. Муносибати нодурусти баъзе аз корфармоён  ё аъзои ҷомеа сабаб мегардад, ки ноболиғон аз ҳаёти тарзи солим дилсард шуда, барои бозгашт ба олами ҷиноӣ даст ба ҷинояти такрорӣ ме­зананд. Дар ин зимн масъ­алаи тадбир ҷустан нисбати тақ­ди­ри минбаъдаи хатм­ку­нан­дагони ятиму бепарастор ва бе ҷои зисти мактаб-интернатҳо, ки баъди хатми  мактаб-ин­тернатҳо дар кӯча монда, аз номуайянии ҳаёти мин­баъ­да­ашон ба таъсири олами ҷиноӣ меафтанд, нигарон­кунанда ва ба­рои ҷомеа хатарзо мебошад. Зарур  аст, ки ма­қо­моти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои дахлдор ҷиҳати бартарафсозии мушкилоти зикр­гар­дида, ки мутлақо ҷанбаи иҷтимоӣ дорад, чораҳои муассир андешанд.
Дар сатҳи давлатӣ барномаҳои стратегӣ барои тарбияву такомули насли ояндасоз пайваста дар тат­биқанд ва итминон аст тибқи дастури Сарвари давлатамон, ки аз Паём  ба Маҷлиси Олии кишвар 20 апрели соли ҷорӣ бармеояд бо васеъ­шавии имкониятҳои буҷет лоиҳаҳои иҷтимоӣ баҳри дастгирии ҷавонон ва табақаи аҳли зиё дар оянда низ бештар амалӣ мегарданд.
Қайд кардан зарур аст, ки нақши пойтахти ҷумҳуриамон шаҳри Душанбе, ки дар ин ҷо марказҳои бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва иттилооти кишвар ҷойгир шудаанд, дар муттаҳидии нерӯҳои созандаи сиёсӣ ва интеллектуалӣ бисёр ҳам арзишманд аст.  Ҳаракати ваҳдат миллӣ, Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон ва дигар ҷамъиятҳою созмонҳои бонуфуз, ки барои пойдории сулҳу ваҳдати умумимиллӣ саҳми барҷаста доштанд ва доранд, маҳз дар пойтахти Ватани азизамон ташкил ва таъсис шудаанд.
Ба манзури боз ҳам қавитар кардани асосҳои ваҳдати ҷомеа ва суботи сиёсӣ Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои ҳалли проблемаҳои иҷтимоӣ чораҳои амалиро татбиқ намуд.
Аз ин ҷост, ки дар давраи соҳибисқтилолӣ дар шаҳри Душанбе – пойтахти ҷумҳурӣ зери роҳбарии хирадмандонаву созандаи Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун дар дигар манотиқи кишвар рушди  босуботи ҷомеа дар асоси таъмини волоияти қонун  ва эҳтиромгузорӣ ба арзишҳои конститутсионӣ оид ба фароҳам овардани шароитҳои арзанда ба ташаккули инсон ва шаҳрванд, ҳуқуқу озодиҳои он,  ҳаёти ҷомеа дар асоси татбиқи барномаҳои мушаххаси характери иҷтимоидошта рӯ ба инкишоф овард.
 Рӯҳияи бунёдкорӣ, ҳамзистии осоиштаи тамоми таркиби иҷтимоии он боис гардиданд соли 2004 шаҳри Душанбе, ки 80-солагияшро ҳамчун пойтахти мамлакат таҷлил дошт, тавонист ба Нахустҷоизаи  «Шаҳри Сулҳ»-и ЮНЕСКО дар минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором барои солҳои 2002 -2003 шарафёб гардад.
Имкон ба даст омад, ки дар асоси барномавӣ сохтмони як идда иншооти нави таъиноти иҷтимоидошта, пеш аз ҳама дар соҳаҳои: тандурустӣ 20 иншоот ба маблағи 20,6 млн. сомонӣ, маориф 81 иншоот ба маблағи 92,4 млн. сомонӣ, фарҳанг 36 иншоот ба маблағи 130,2 млн. сомонӣ ва 1 млн. 91 ҳазор метри мураббаъ манзил ба маблағи  147,3 млн. сомонӣ бунёду эҳё гардид.
Парки нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятии коммуналӣ ба маблағи 113,9 млн сомонӣ аз ҳисоби буҷети шаҳрӣ ва кӯмакҳои техникии инвеститсионӣ бо 778 адад нақлиёти нав таҷдид гашта, 100 адад техникаи коммуналии нав барои беҳдошти вазъи экологию санитарии шаҳр харидорӣ шуданд. Ҳолати роҳҳо рӯ ба беҳбудӣ оварда, зиёда аз 65 км роҳ таҷдид ва 4 км роҳи нав бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтанд. Дар шаҳр садҳо корхонаҳои нав ва ҳазорҳо ҷойҳои кории иловагӣ ташкил карда шуданд.
Рушди динамикавии иқтисодиёти шаҳр аз рӯи имкониятҳои мавҷуда дастёб гашт. Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти умумии минтақавӣ аз 400,8 млн. сомонии соли 2000-ум  ба 5201,4 млн сомонии соли 2010 расонида шуд. Агар соли 2000 –ум воридот ба буҷет – 26,9 млн сомонӣ (14,7 млн доллари амрикоӣ)-ро ташкил медод, он дар соли  2010 бо назардошти андози иҷтимоӣ ба 1 млрд 150 млн сомонӣ (262,6 млн доллари амрикоӣ) баробар гардид, ки 17,9 маротиба  назар ба соли 2000-ум зиёд мебошад. Ин имконият фароҳам овард, ки музди миёнаи меҳнати моҳона ба як корманд нисбат ба соли 2000 –ум беш аз 23 маротиб афзоиш ёфта, дар соли 2010-ум 717,28 сомониро  ташкил дод. Вазни қиёси контенгенти умумии шаҳри Душанбе дар фароҳамоварии буҷети маҳаллии ҷумҳурӣ дар соли гузашта 38,1 %-ро ташкил намуд.
Қобили зикр мебошад, ки воридоти андозҳо ба буҷет дар соли 2010 дар шаҳри Душанбе нисбати ҳаҷми якҷояи воридоти  буҷетҳои қиёсшаванда дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва Бадахшон беш аз 109 млн сомониро  ташкил дод ва ин тамоюл дар соли равон низ идома хоҳад ёфт, яъне  дар маҷмӯъ дар пойтахт соли ҷорӣ ҳаҷми ҷамъоварии андозҳо аз ҳаҷми андозҳои дар вилоятҳои зикргардида дар якҷоягӣ ҷамъоваришаванда бештар хоҳад буд.  
Ҳамзамон соли сипаригардида беш аз 34 фоиз ё худ 316,6 млн сомонӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳри Душанебе ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва 20,1 млн сомонӣ ба фонди стабилизатсионӣ пардохт карда шудааст.
Душанбе бо амнияти хеш аз нигоҳи сармоягузорӣ ҷолиб ва боэътимод гашт, ки дар натиҷа сармоягузорони россиягӣ, иронию хитойӣ, туркиву амрикоӣ, ҳиндиву ғайраҳо дар сохтмони манзил ва дигар самтҳо барномаҳои тиҷоратии худро дар маҷмӯъ ба маблағи зиёда аз 1 млрд. 300 млн сомонӣ пайваста татбиқ менамоянд. Феълан бо такмили бахши инфрасохторӣ барои рушди сайёҳӣ бо ҷалби инвеститсияи хориҷиву дохилӣ меҳмонхонаҳои нави панҷситорадори Хаят реҷенсӣ ва Азия гарант мавриди истифода қарор гирифта, чанде аз меҳмонхонаҳои навбатии панҷситорадор, аз қабили Исмоили Сомонӣ, Серена, CHL-International дар ҳоли қоматафрозӣ мебошанд.
Сохтмонҳои нотамоми манзилии аз даврони Шӯравӣ меросмонда комилан ба итмом расида, тамоюли болоравии нарх дар бозори манзилии шаҳр боздошта шуд. Татбиқи муттасили Нақшаи генералии шаҳр воқеан оғоз гардида, бо риояи талаботҳои он рушди меъмории шаҳр таъмин ёфта, тасҳеҳи Нақшаи генералӣ бо инобати ҷавобгӯ намудан ба меъёрҳои дархури инкишофи шаҳр ҳамчун пойтахти мамлакати соҳибистиқлол амалӣ гардида истодааст.
 Аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳри Душанбе нахустин иншооти 20 –ошёнаи «Душанбе-Плаза», боғи фароғатию истироҳатии умумшаҳрӣ бо масоҳати 15 гектар, ба истилоҳ «Диснейленд»  ба ифтихори ҷашни 20 –солагии Истиқлолият ба истифода дода хоҳанд шуд.
 Барои рушди соҳибкории хурду миёна бо амалисозии дастгириҳои давлатӣ ва фароҳам овардани имтиёзҳо шароити мусоид ташкил карда шуд, ки дар натиҷа саҳми субъектҳои соҳибкорӣ дар ғановати буҷети шаҳр ба зиёда аз 51% баробар гашт.  
Барои ҷалби бештари потенсиали сектори ғайридавлатӣ соли 2001 бо иштирок ва маблағгузории бевоситаи соҳибкорон Маркази дастгирии рушди сохибкорӣ дар шаҳри Душанбе ва соли 2003 Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳамкориҳои иҷтимоию иқтисодӣ таъсис дода шуданд, ки фаъолияти онҳо баҳри рушди ҳаёти хоҷагидории шаҳр ва такмили институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши муассир мегузоранд.
Бо тарҳрезиву амалисозии барномаҳои мушаххас беҳбудбахшии ҳолати санитарию экологии шаҳр ва фаъолияти муназзами хадамоти муҳандисию коммуналӣ таъмин гардида, дар доираи татбиқи Лоиҳаҳои инвеститсионӣ мушкилоти дастрасии сокинон бо оби тозаи нӯшокӣ ҳал карда шуд ва ҳалли масъалаҳои инфрасохторию институтсионалии корхонаи обтаъминкунию коррезии шаҳр идома ёфта истодааст.
Ҷиҳати рушди фарҳанги шаҳрнишинию шаҳрдорӣ санадҳои қабул ва аз соли 2000-ум мавриди истифода қароргирифтаи «Маромномаи сокини пойтахт»  ва Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ,  ободонӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанбе, ки аз соли 2008 бо татбиқи худ натиҷаҳои судманд медиҳад, шаҳри Душанбе аз ҳама нигоҳ ба иҷрои мақоми пойтахти давлати соҳибистиқлол пайваста дар инкишоф мебошад.
Дар асоси Қарорҳои дахлдори Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ва Раиси шаҳри Душанбе шурӯъ аз соли 1997 то ба имрӯз бо тамоюли афзуншавӣ  муқаррар намудани иловапулӣ ба андозаи 150 сомонӣ ба нафақаи маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва оилаҳои бесарубонмондаи қурбониёни  ҶБВ ва дастгирии молиявии яквақтаина ба миқдори 1500 сомонӣ барои анҷоми маросими дафни онҳо, 90 сомонӣ ба шахсоне, ки  зиёда аз шаш моҳ дар акибгоҳ кор кардаанд, муҳосирабудагони шаҳри Ленинград, маъюбони амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави Афғонистон, маъюбони рафъи садамаи нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил, оилаи шахсоне, ки ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалок гардидаанд ва 2 маоиши ҳадди ақал иловапулиҳо барои нафақахӯрони дар назди шаҳри Душанбе хизматҳои махсусдошта, кӯмакҳои якдафъинаи молиявӣ ба андозаи 100 сомонӣ ба нафақахӯрони синнашон аз 75 сола боло, иловапулиҳо ба маош ва ҷуброни хизмати коммуналӣ барои кормандони соҳаҳои тандурстӣ ва маорифи шаҳр, идрорпулиҳо ба донишҷӯёни Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба С. Айнӣ, омӯзгорону мактабиёни системаи маорифи шаҳр,  тавассути озмунҳои касбӣ қадршиносӣ кардани омӯзгорону табибон ва коллективи педагогию тиббӣ, субъектҳои соҳибкориву соҳибмулкони манзил ва роҳрӯбони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳр ба тавсеаи ҳаёти иҷтимоии пойтахт ва ҷалби потенсиали шаҳрвандон дар татибқи барномаҳои  шаҳрдорӣ нақши муҳим  мебозанд. Ҳамасола тибқи анаъана қадрдонӣ намудани ғолиби озмуни шаҳрии «Мактаби сол»  ройгон бо як хонаи сеҳуҷрагӣ аз ҳисоби фонди манзили коммуналӣ, дар баробари ин бо арзиши аслии сохтмонӣ ва имтиёзӣ тариқи музоядаҳо ба кормандони соҳаи маорифу тандурстӣ ва фарҳанг дастрас намудани квартираҳои моликияти коммуналӣ ва  бо нархҳои имтиёзӣ ба иҷора додани квартираҳо аз тадбирҳои идомаёбанда мебошанд.
Маҳз дар Рӯзи пойтахт – шанбеи сеюми моҳи апрел натиҷагирӣ кардан аз ҷамъбасти озмунҳои касбии шаҳрдорӣ, ки пайваста тӯли сол ҷараён мегиранд ва бо мукофотҳои молиявию моддӣ сарфароз намудани ғолибони онҳо, бо дастовезҳои меҳнатии душанбегиён ва чорабиниҳои варзишии сатҳи байналмилалӣ – Ниммарафон ва  мусобиқаи  байналмилалӣ оид ба теннис бо иштироки варзишгарон аз бародаршаҳрҳои Душанбе ва дигар кишварҳои минтақаву ҷаҳон  истиқбол гирифтани ҷашни мазкур рӯҳияи ифтихормандию масъулияти шаҳрвандии сокинонро дар ободонии шаҳр тақвият мебахшанд.
Дар ин давра шаҳри Душанбе ҳамчун аъзои Ассамблеяи байналхалқии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо (МАГ), Ташкилоти байналхалқии бародаршаҳрҳо (МОГП), Ташкилоти Боулдер-Душанбе бародаршаҳрҳо (БДГП), Ташкилоти Умумиҷаҳонии Шаҳрҳои Муттаҳида ва Ҳокимиятҳои Маҳаллӣ (ОГМВ) робитаҳои байналмилалиро густариш бахшида, бо 14 шаҳрҳои Осиё, ИДМ, Африқо, Аврупо ва Амрико муносибатҳои дӯстона ва бародаронаро тақвият бахшида, аз ҷумла бо шаҳри Москваи Федератсияи Россия дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, илму техника ва фарҳанг ҳамкории судмандро анҷом медиҳад.
Омилҳои амалигардида имкон хоҳанд дод, ки иқтидори илмию эҷодии аҳли зиё барои такмили донишу ихтироот ба нафъи кишвар сафарбар ва эҳсоси ифтихормандӣ дар бунёди давлати соҳибистиқлол дучанд гардад.
Итминони комил дорем, ки ҷомеаи мо, пеш аз ҳама сокинони пойтахт, ки асри пурпечутоби ХХ-ро паси сар карда,  нооромию таҳаввулот ва ҷаҳонишавии арзишҳоро дар асри ХХI мушоҳида мекунанд, дар роҳи ҳифзу таҳкими ҳамзистии осоишта баҳри устуворсозии рукнҳои давлатдории мустақили хеш, ки ҷавобгӯи асолатҳои миллӣ ва таҷассум­ку­нандаи воқеияти ҳазораи сеюм мебошад, бо сарварии Президенти мамлакатамон - муаллиф ва тав­сеабахши даст­­овард ва фарҳанги сулҳу ваҳдат    мӯҳ­та­рам Эмомалӣ Раҳ­мон татбиқи барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимои­ро фаъол­тар хоҳанд гардонд.
Имрӯз кулли сокинони пойтахт сарфароз  аз он ҳастанд, ки дар соли мубораки 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ҷашни бо­шу­кӯҳи Рӯзи ваҳдати миллиро дар макони тавлиди ғояи он, шаҳри камоли орзуҳо - Ду­шан­бе, хонаи умеди тоҷи­кис­то­ниён ва то­ҷикони ҷаҳон истиқбол гирифта, ба шарафи ин ҷашни бузурги мил­ли­амон беш аз 200 иншооти гуногунтаъинотро, ки маҳ­сули заҳмати аҳли ҷамоатчигӣ мебошад, армуғон меоранд.
Ҳар шаҳрванди бо нангу номус бо дарки масъулияти бена­зи­ри меҳансозӣ алайҳи ҳама мушкилоти дар роҳи эъмори Ватан эҳсос­ша­ванда набзи қалби хешро бо шарёни давлат ва сар­за­мини худ ҳамнаво сохта,  дар фазои “Ташаббусҳои созанда ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ”, ки бо Қарори иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум № 1-9 аз 25 марти соли соли 2010 тасдиқгардида, бо шиорҳои «Мо дар Ватанем, Ватан дар мост!», «Мо метавонем фаъолият карда, ҳамаи нерӯи созандаи хешро ба хидмати ҷомеа бояд истифода кунад.
Мо, ҳамагон, бояд дарк ва ифтихор аз он дошта бошем, ки бо шоҳидии вақт сараввал асрҳою сипас ҳазорсолаи дуюмро бо чанд фарматсияи ҷамъиятӣ паси сар карда, ба ҳазорсолаи сеюм бо умеду орзуҳо  ва нақшаҳою барномаҳои нав ва созанда ворид шудем. Мо, ки дар фазои истиқлолияти давлатӣ зиндагӣ дорем, бо тамоми вуҷудамон бояд  масъулият эҳсос намоем ва ифтихор дошта бошем, ки соҳиби Ватан ҳастем. Ин бахт ба ҳар миллат ва халқ муяссар намешавад. Ҳамчун соҳибватан ба ҳифзи он, сарбаландӣ, обрӯю эътибор ва ободию зебогии он кӯшиш кунем ва шоистаю сазовори номи тоҷикистонӣ буданро дошта бошем! Ин маъсулият ва қарзи шаҳрвандӣ ва ватандории ҳар яки мо дар назди наслҳои имрӯз ва фардо хоҳад буд!
Шубҳае нест, ки бо гузашти айём наслҳои оянда аз фаъолияти шоёни ҳамагон дар таъмин ва таҳкими Ваҳдати миллӣ чун  беназиртарин дастовард ва саҳми арзанда дар тақвияту густариши арзишҳои миллӣ, эҷоди таҳаммулпазирию ҳамраъйӣ дар ҳаёти рӯзмарраашон баҳри пешрафти Ватани маҳбубамон ва ояндаи неки шаҳрвандони кишвари азизамон равона гардидаанд, ифтихор хоҳанд кард.
Дар амалишавии ин ва дигар нақшаву ниятҳои нек ба ҳамагон комёбиҳои бемисл орзумандем.

 М. УБАЙДУЛЛОЕВ
 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Раиси шаҳри Душанбе, Раиси Шӯрои
 Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи
Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе     

меъмори, таррохи, ороиш, зебои, хона, бино, маъмури, тичорат, мачмаъа, Architekt tadschikischen,الطاجيكية المعماري,Tádžické architekt ,塔吉克建筑师 ,Tajik arkitekt, Tajik arsitek, Տաջիկստանի ճարտարապետ, Tadžiki arhitekt, معمار تاجیک, Tadzjiekse architect, Tajik arkitekto, Tadžikistanin arkkitehti, architecte tadjike, Tajik pensaer, arquitecto Tajik, ტაჯიკეთის არქიტექტორი, Tajik Architects , Tadžikistanski arhitekt , טאג 'יק האדריכל , Táidsícis ailtire , Tayikistán arquitecto , Tadzjikiska arkitekt , Tagiko architetto , Tajik arkitekt , タジキスタンの建築家 , Tadjikistan arquitecte , 타지크어 건축 , architekt tadżycki , Tadžiku arhitekts , Tadžikų architektas , Tádzsik építész , Таџикистански архитект , Tajik arkitek , perit Taġik , arquiteto Tajik , Tadjikă arhitect , Таджикский архитектор , Таџик архитекта , Tadžické architekt , Tajik majengo , Tacik mimar , Таджицький архітектор , تاجکستان کے معمار , Tajik kiến trúc sư , Τατζικιστάν αρχιτέκτονα,Bakhrom Makhmadaliev,Махмадалиев Бахром,Душанбе архитектор,Таджикистан архитектор,Tajik designer,Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,Эмомали Рахмон,Tajikistan architectural news,Tajikistan construction news,Dushanbe city,Architects,Architectural Photography,Art,Awarded Competitions,Awards,Building Technology and Materials,Competitions,Design,Designers,Education,Educational,Events,Exhibition,Featured,Healthcare Architecture,Heritage,Hotels and Restaurants,Houses,Housing,Industrial Architecture,Infrastructure,Institutional Architecture,Interiors,Landscape,Leisure,Mixed Use,Monuments and Memorials,Museums and Libraries,News,Office Buildings,Offices,Pavilion,Politics,Polls,Products,Public Facilities,Publications,Refurbishment,Religious Architecture, Residential, restaurant, Retail,Selected,Skyscrapers,Software,Sports Architecture,Structures,Sustainability,Theory and History,Travels,Uncategorized,Urban Design,Urban Planning,Videos,Архитекторы,Архитектурная фотография,Искусство,Награжден Конкурсы,Награды,Строительные технологии и материалы,Конкурсы,Культурный,Дизайн,Дизайнеры,Редакционный,Образование,Учебный,События,Выставка,Рекомендуемые,Здравоохранение Архитектура,Наследие,Гостиницы и рестораны,Дома,Жилье,Промышленная Архитектура,Инфраструктура,Институциональной архитектуры,Интерьер,Пейзаж,Досуг,Смешанное использование,Памятники и достопримечательности,Музеи и библиотеки,Новости,Офисные здания,Офисы,Павильон,Политика,Опросы,Продукты,Коммунальные услуги,Публикаций,Ремонт,Религиозная архитектура,Жилой,ресторан,Розничная торговля,Выбранный,Небоскребы,Программное обеспечение,Архитектура спорта,Структуры,Устойчивость,Теория и история,Путешествия,Без рубрики,Городского дизайна,Градостроительство,Видео,Architetti,Architectural Photography,Arte,Premiato Concorsi,Premi,Costruire tecnologie e materiali, Concorsi,Culturale,Progettazione,Designers,Editoriale,Istruzione,Educativo,Eventi,Mostra,In primo piano,Healthcare Architettura,Patrimonio,Alberghi e Ristoranti,Case,Alloggiamento,Architettura industriale,Infrastruttura,Architettura istituzionale,Interiors,Paesaggio,Tempo libero,Uso misto,Monumenti e memoriali,Musei e Biblioteche,Notizie,Ufficio Edilizia,Uffici,Padiglione,Politica,Sondaggi,Prodotti,Servizi pubblici,Pubblicazioni,Ristrutturazione,Architettura religiosa,Residenziale,ristorante,Al dettaglio,Selezionato,Grattacieli,Software,Sport Architettura,Strutture,Sostenibilità,Teoria e Storia,Viaggi,Uncategorized,Urban Design,Urbanistica,Video
меъмори, таррохи, ороиш, зебои, хона, бино, маъмури, тичорат, мачмаъа, Architekt tadschikischen,الطاجيكية المعماري,Tádžické architekt ,塔吉克建筑师 ,Tajik arkitekt, Tajik arsitek, Տաջիկստանի ճարտարապետ, Tadžiki arhitekt, معمار تاجیک, Tadzjiekse architect, Tajik arkitekto, Tadžikistanin arkkitehti, architecte tadjike, Tajik pensaer, arquitecto Tajik, ტაჯიკეთის არქიტექტორი, Tajik Architects , Tadžikistanski arhitekt , טאג 'יק האדריכל , Táidsícis ailtire , Tayikistán arquitecto , Tadzjikiska arkitekt , Tagiko architetto , Tajik arkitekt , タジキスタンの建築家 , Tadjikistan arquitecte , 타지크어 건축 , architekt tadżycki , Tadžiku arhitekts , Tadžikų architektas , Tádzsik építész , Таџикистански архитект , Tajik arkitek , perit Taġik , arquiteto Tajik , Tadjikă arhitect , Таджикский архитектор , Таџик архитекта , Tadžické architekt , Tajik majengo , Tacik mimar , Таджицький архітектор , تاجکستان کے معمار , Tajik kiến trúc sư , Τατζικιστάν αρχιτέκτονα,Bakhrom Makhmadaliev,Махмадалиев Бахром,Душанбе архитектор,Таджикистан архитектор,Tajik designer,Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,Эмомали Рахмон,Tajikistan architectural news,Tajikistan construction news,Dushanbe city,Architects,Architectural Photography,Art,Awarded Competitions,Awards,Building Technology and Materials,Competitions,Design,Designers,Education,Educational,Events,Exhibition,Featured,Healthcare Architecture,Heritage,Hotels and Restaurants,Houses,Housing,Industrial Architecture,Infrastructure,Institutional Architecture,Interiors,Landscape,Leisure,Mixed Use,Monuments and Memorials,Museums and Libraries,News,Office Buildings,Offices,Pavilion,Politics,Polls,Products,Public Facilities,Publications,Refurbishment,Religious Architecture, Residential, restaurant, Retail,Selected,Skyscrapers,Software,Sports Architecture,Structures,Sustainability,Theory and History,Travels,Uncategorized,Urban Design,Urban Planning,Videos,Архитекторы,Архитектурная фотография,Искусство,Награжден Конкурсы,Награды,Строительные технологии и материалы,Конкурсы,Культурный,Дизайн,Дизайнеры,Редакционный,Образование,Учебный,События,Выставка,Рекомендуемые,Здравоохранение Архитектура,Наследие,Гостиницы и рестораны,Дома,Жилье,Промышленная Архитектура,Инфраструктура,Институциональной архитектуры,Интерьер,Пейзаж,Досуг,Смешанное использование,Памятники и достопримечательности,Музеи и библиотеки,Новости,Офисные здания,Офисы,Павильон,Политика,Опросы,Продукты,Коммунальные услуги,Публикаций,Ремонт,Религиозная архитектура,Жилой,ресторан,Розничная торговля,Выбранный,Небоскребы,Программное обеспечение,Архитектура спорта,Структуры,Устойчивость,Теория и история,Путешествия,Без рубрики,Городского дизайна,Градостроительство,Видео,Architetti,Architectural Photography,Arte,Premiato Concorsi,Premi,Costruire tecnologie e materiali, Concorsi,Culturale,Progettazione,Designers,Editoriale,Istruzione,Educativo,Eventi,Mostra,In primo piano,Healthcare Architettura,Patrimonio,Alberghi e Ristoranti,Case,Alloggiamento,Architettura industriale,Infrastruttura,Architettura istituzionale,Interiors,Paesaggio,Tempo libero,Uso misto,Monumenti e memoriali,Musei e Biblioteche,Notizie,Ufficio Edilizia,Uffici,Padiglione,Politica,Sondaggi,Prodotti,Servizi pubblici,Pubblicazioni,Ristrutturazione,Architettura religiosa,Residenziale,ristorante,Al dettaglio,Selezionato,Grattacieli,Software,Sport Architettura,Strutture,Sostenibilità,Teoria e Storia,Viaggi,Uncategorized,Urban Design,Urbanistica,Video